Раҳмон ва Отамбоев вазъ дар марзро баррасӣ карданд

Рӯзи 8-уми май пас аз анҷоми нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СААД дар Маскав мулоқоти президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон аз 9-уми май, сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба зарурати ҳаллли масоили таъин ва аломатгузории марзи давлатии кишварҳо тавофуқ ҳосил кардаанд, то […]

Меҳрангез Турсунзода



Рӯзи 8-уми май пас аз анҷоми нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СААД дар Маскав мулоқоти президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон аз 9-уми май, сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба зарурати ҳаллли масоили таъин ва аломатгузории марзи давлатии кишварҳо тавофуқ ҳосил кардаанд, то ки минбаъд чунин вазъ такрор нашавад.

«Дар ҷараёни гуфтушунид зикр гардид, ки масъалаи мазкурро мебояд дар сатҳи ҳукуматҳо ҳаллу фасл намуд», – гуфта мешавад дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон алҳол ин масъаларо шарҳ надодааст.

Роҳи мошингарди Исфара – Ворух, ки пас аз муноқишаи ахир дар марзи давлатӣ ва осеб дидани 60 нафар аз ҳарду тараф бар асари он аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон баста шуда буд, аз 9-уми май

барои ҳаракат боз шуд.

Дар бора як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод.

«Миёни аҳолии маҳаллаҳои аҳолинишини ҳарду тараф оид ба минбаъд роҳ надодан ба чунин ҳодисаҳо ва пешгирии вазъи нооорому ташвишовар дар марзи давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Ботканд аз рӯи аризаҳои шикоятии шаҳрвандони осебдидаи Қирғизистон, ки амволашон барқасдона нобуд карда шудаанд ё осеб дидаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудаст.

Тибқи фарзияи ВКД Қирғизистон, зимни муноқиша миёни аҳолии деҳоти наздимарзии кишварҳо аз ҷониби издиҳоми зиёди шаҳрвандони тоҷики ҷамъомада нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, 2 контейнери орду семент, 2 автомашинаи тамғаи «КамАЗ»-и муталлиқ ба шаҳрвандони Қирғизистон сӯзонида шудаанд.

Айни замон аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон 13 далели авбошӣ, барқасдона нобуд сохтан ё зарар расонидан ба амвол ба қайд гирифта шуда, аз рӯи 9 далел мутобиқи моддаҳои 234 (Авбошӣ) ва 174 (Барқсадона нобуд сохтан ё зарар расонидан ба амвол)-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.

Дар идомаи хабари мақомоти интизомии Қирғизистон қайд мешавад, ки аз рӯи далелҳои дигар санҷиши пеш аз тафтишотӣ гузаронида мешавад. Ғайр аз ин, далелҳои ғоратгарӣ ва дуздии амвол низ ҷой доштаанд.

Зикр мегардад, ки 12 нафар шаҳрвандони ҷароҳатгирифтаи Қирғизистон дар ҷараёни муноқиша ба бемористонҳои маҳаллӣ бистарӣ шудаанд.

Тибқи фарзияи ҷониби Тоҷикистон,

сабаби рух додани муноқиша

он будааст, ки як гурӯҳ ҷавонони сархуш аз ҳисоби шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯи автомашинаи сокини Ворух, ки аз Исфара меомадааст, сангандозӣ кардаанд. Пас аз муноқиша издиҳоми зиёди мардум аз ҳарду ҷониб ҷамъ шуда, аз муноқишаи лафзӣ ба сангандозии ҳамдигар пардохтаанд.  Қирғизҳо ҳанӯз рӯзона дар ҷойи ҳодиса санг ҷамъоварӣ намудаанд.

Зикр гардида буд, ки ҳафт нафар сокинони Исфара бо ҷароҳатҳо ба бемористон бистарӣ шуда, як ҳамдиёри мо аз тири милтиқи шикорӣ захм бардоштааст. Кормандони мақомоти интизомии ҳарду кишвар ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, барои пароканда сохтани издиҳом ба ҳаво тир холӣ кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.