Иштироки сокинону меҳмонони Душанбе дар аксияи Шаб дар осорхона



Рӯзи 18-уми май дар осорхонаи миллии Тоҷикистон аксияи «Шаб дар осорхона – шаби ҳунармандӣ» доир гардид. Аксия байнулмилалӣ буда, Тоҷикистон бори дуюм дар он иштирок мекунад.

Ҳадафи баргузории ин аксия муттаҳид намудани ҳама атрофи таъриху ҳунар буда, он то соати 23-и шаб идома ёфт. Аксияи «Шаб дар осорхона – шаби ҳунармандӣ» аз ҷониби Осорхонаи миллӣ ва Иттифоқи косибони Тоҷикистон созмон дода шуд.

Шаб дар осорхона аксияи байнулмилалиест, ки ба таблиғи нақши осорхона дар ҷомеа, ҷалби насли наврас ба осорхонаҳо равона гардидааст. Ин аксияи маъмулӣ ҳамасола дар 30 ҳазор осорхонаҳои 120 кишвари саросари дунё гузаронида мешавад.

Моҳи марти соли 2013 маросими ифтитоҳи бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Осорхона аз 22 толори хурду бузург иборат аст. Барои ҳамкорӣ бо созмонҳои хориҷӣ шуъбаи байнулмилалӣ амал мекунад. Майдон барои намоиши Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба 15 ҳазор метри мураббаъ баробар аст.

spot_imgspot_img

Популярное