Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Нахустин президенти Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов дар кори ҷаласаи навбатии фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» иштирок ва суханронӣ мекунад (бинои маркази тиҷоратии «Пойтахт», кӯч. Турсунзода, 45). Оғоз соати 17-00; – Баронхонуми Британияи Кабир Вивен Стерн ба Тоҷикистон меояд, то ки ба кори худ бо ҳукумати ҷумҳурӣ дар масъалаи ислоҳоти […]

ASIA-Plus



Анонс



– Нахустин президенти Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов дар кори ҷаласаи навбатии фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» иштирок ва суханронӣ мекунад (бинои маркази тиҷоратии «Пойтахт», кӯч. Турсунзода, 45). Оғоз соати 17-00;

– Баронхонуми Британияи Кабир Вивен Стерн ба Тоҷикистон меояд, то ки ба кори худ бо ҳукумати ҷумҳурӣ дар масъалаи ислоҳоти зиндонҳо идома бахшад;

– Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон маросими муаррифии лоиҳаи USAID оид ба тиҷорат ва мусоидат ба Афғонистон (ATAR) доир мегардад. Оғоз соати 09-30;

– Дар бинои маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии жарналисти шинохтаи тоҷик Субҳон Раҳматов чорабинӣ баргузор мекунад. Оғоз соати 14-00;

– Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Маркази тиҷорати «Вафо»-и ш. Душанбе дар чаҳорчӯбаи барномаи «Ташаббусҳои шаффофият ва зерҳисобият» дар мавзуи «Машғулиятҳои амалӣ оид ба таҳлили буҷет» тренинг мегузаронад.



Қ


урби


асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9079

сомонӣ;


1

евро –

6.9366

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.142


7

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1992

– Роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Герсогии Бузурги Люксембург.


2009

— Дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и Душанбе ҳамоиши нахустини соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баргузор шуд.


1936

– Зодрӯзи фолклоршинос Салоҳиддин Фатҳуллоев.


1942-1982

– Мавлуди ҳунарманди рақси балет, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Малика Собирова.


1944

– Зодрӯзи доктори илмҳои педагогӣ, профессор Саидбой Шербоев.


1947

— Зодрӯзи Сафар Сафаров, муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.


1949-2009

– Зодрӯзи журналист Абдулхай Саидов.



Вазъи обу


ҳ


аво


Огоҳӣ: 

Рӯзи 22-юми май дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор пешбинӣ гардида, шабона борони кӯтоҳмуддат ва баъзан боришоти шадиду раъду барқ ва жола дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ хатари селфароӣ ба вуҷуд меояд. Дар дарёҳо болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад.


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ, рӯзона аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +20+25.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ, рӯзона аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид) ва раъду барқ.       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +15+20.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3300 метр барф).      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +6+11, рӯзона +15+20;  дар шарқи вилоят шабона -4+1, рӯзона +4+9.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола, рӯзона аксаран бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +23+25.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +26+28.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола, рӯзона аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +27+29.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола, рӯзона аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.