Шумори ҳалокшудагон дар задухӯрди Хоруғ ба 2 нафар расид

Дар муноқишаи имрӯза миёни як гурӯҳи сокинони маҳаллӣ ва кормандони мақомоти интизомӣ дар Хоруғ 2 нафар ҳалок шуд. Ҳамчунин корманди ҷавони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ Давид Ниёзбеков низ захмӣ шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомии ВМКБ хабар дод, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бародари собиқ қумондони саҳроӣ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро боздошт намудаанд. Як […]



Дар муноқишаи имрӯза миёни як гурӯҳи сокинони маҳаллӣ ва кормандони мақомоти интизомӣ дар Хоруғ 2 нафар ҳалок шуд. Ҳамчунин корманди ҷавони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ Давид Ниёзбеков низ захмӣ шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомии ВМКБ хабар дод, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бародари собиқ қумондони саҳроӣ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро боздошт намудаанд. Як гурӯҳ сокинони маҳаллӣ ба ҳимояи ӯ бархоста, сипас кормандони мақомоти интизомӣ аз силоҳи оташфишон истифода кардаанд.

Дар натиҷа се тан аз сокинони маҳаллӣ ҷароҳати вазнин бардошта, ду нафарашон дар бемористон ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин корманди шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ Давид Ниёзбеков низ аз ду тир захмӣ шуда, айни замон дар ҳолати вазнин дар бемористони вилоят бистарӣ аст.

Ба иттилои манбаъ, вазъ дар шаҳр ноором боқӣ мемонад. Сокинони маҳаллӣ бинои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятро ба муҳосира гирифта, талаб доранд, ки кормандони ба сӯи онҳо оташкушодаро ба ихтиёрашон супоранд.

Зимнан зикр гардид, ки сокинони маҳаллӣ аз қаҳру ғазаб бинои шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хоруғро комилан ба коми оташ андохтаанд.


Акс аз «Озодагон»

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.