Ташрифи раиси Ассамблеяи миллии Покистон ба Тоҷикистон

Раиси Ассамблеяи миллӣ (палатаи поёнии парлумон)-и Покистон Сардор Аёз Содиқ рӯзи 26-уми май бо сафари расмии дурӯза ба Душанбе ташриф меорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни сафари раиси палатаи поёнии парлумони Покистон дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлдиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва […]



Раиси Ассамблеяи миллӣ (палатаи поёнии парлумон)-и Покистон Сардор Аёз Содиқ рӯзи 26-уми май бо сафари расмии дурӯза ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни сафари раиси палатаи поёнии парлумони Покистон дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлдиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров, котиби Шӯрои амнияти ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров, раиси КДАМ ҶТ Саймӯмин Ятимов ва вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонзода дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар дидору гуфтушунидҳои зикршуда ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо ва ҳамчунин масоили таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни сафар Сардор Аёз Содиқ аз нерӯгоҳи обӣ-барқии «Норак» низ боздид мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.