Шоми рӯзи 26-уми майи 26 майи соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Ноиби президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурҳ хонум Кристин Бирлиро, ки дар доираи сафари кориаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот фаъолияти КБСС дар Тоҷикистон, барномаҳои расонидани кӯмакҳои гуманитарӣ ба шахсоне, ки аз мина, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода осеб ёфтаанд, муҳокима гардиданд. Нақши бузурги КБСС дар расонидани кӯмак ба оилаҳои ашхосашон бедаракшуда ва дигар табақаҳои осебдидаи аҳолӣ қайд гардид.
Гуфта мешавад, ноиби Президенти КБСС аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳ ва дастгирии фаъолияти КБСС дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.
Зимнан зикр мегардад, ки тарафҳо ҳамчунин оид ба вазъият дар Афғонистон ва расонидани кӯмак ба аҳолии ин кишвар табодули назар карданд.



