Меҳрангез Назарова меъёри роҳхат ба Олимпиадаи Нанҷингро ба ҷо овард

Меҳрангез Назарова, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи литсензионии осиёӣ оид ба варзиши сабук дар Бангкоки Тайланд барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷиниги Чин ду медал ба даст овард. Бино ба иттилои сомоани расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, вай дар давидан ба масофаи 3 000 м бо натиҷаи 10.31,65 севум шуд ва […]

ASIA-Plus



Меҳрангез Назарова, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи литсензионии осиёӣ оид ба варзиши сабук дар Бангкоки Тайланд барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷиниги Чин ду медал ба даст овард.

Бино ба иттилои сомоани расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, вай дар давидан ба масофаи 3 000 м бо натиҷаи 10.31,65 севум шуд ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Инчунин Меҳрангез дар давидан ба масофаи 2000 м бо монеаҳо бо натиҷаи 7.17,76 медали дувуми биринҷӣ ба даст овард. Ҳамин тариқ, ӯ меъёри роҳхат ба Олимпиадаи Нанҷингро ба ҷо овард.

Ба иттилои мнабаъ бо такя ба гуфтаҳои Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон якҷо бо Федератсияи варзиши сабуки кишвар рӯзи 26-уми май ба унвони Федератсияи байналмилалии варзиши сабук нома ирсол карда, хоҳиш намуданд, ки ба таври расмӣ соҳиби роҳхати олимпӣ шудани варзишгари тоҷик Меҳрангез Назароваро тасдиқ намояд ва умедворанд, ки мо ба нома рӯзҳои наздиктарин посух мегиранд.

Абдуллоев гуфтааст, дар мусобиқаи литсензионии осиёӣ оид ба варзиши сабук дар Бангкок варзишгари дигари тоҷик Зоир Шералиев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62,75 м мақоми севумро касб кард, вале аз роҳхати олимпӣ бенасиб монд. 

Ба ин тартиб то ҳоло 3 варзишгари тоҷик – Фирӯз Ёқубов дар намудии гуштии озод дар вазни беш аз 100 кг, Тоҳирҷон Охунов (85 кг) ва Равзатулло Исоев (42 кг) дар намуди гуштии юнониву румӣ расман соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии наврасон дар Нанҷинг шудаанд.

Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон аз 16-ум то 28-уми август дар Нанҷинги Чин доир мешаванд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони ҷавони тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 14-ум то 26-уми августи соли 2010 дар Сингапур баргузор шуда буданд, дар панҷ ришта – бокс, варзиши сабук (гурзандозӣ ва давидан ба масофаи 200 метр), гуштии озод, камонварӣ ва таэквон-до WTF – ширкат карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар ин бозиҳо 6 варзишгар  – Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг, Абдуқодир Баротов (гурзандозӣ), Сиёвуш Зуҳуров (бокс, вазни то 91 кг), Даврон Атобоев (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр), Кристина Зайниддинова (камонварӣ)ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг) дохил буданд.

Варзишгарони навраси тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал ба даст овардаанд. Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар намуди таэквон-до ВТФ дар вазни то 44 кг медали биринҷӣ гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.