Ташрифи ноиби президенти КБСС ба Вазорати корҳои хориҷӣ

Шоми рӯзи 26-уми майи 26 майи соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Ноиби президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурҳ хонум Кристин Бирлиро, ки дар доираи сафари кориаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот фаъолияти КБСС дар Тоҷикистон, барномаҳои расонидани […]

ASIA-Plus



Шоми рӯзи 26-уми майи 26 майи соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Ноиби президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурҳ хонум Кристин Бирлиро, ки дар доираи сафари кориаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот фаъолияти КБСС дар Тоҷикистон, барномаҳои расонидани кӯмакҳои гуманитарӣ ба шахсоне, ки аз мина, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода осеб ёфтаанд, муҳокима гардиданд. Нақши бузурги КБСС дар расонидани кӯмак ба оилаҳои ашхосашон бедаракшуда ва дигар табақаҳои осебдидаи аҳолӣ қайд гардид.

Гуфта мешавад, ноиби Президенти КБСС аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳ ва дастгирии фаъолияти КБСС дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки тарафҳо ҳамчунин оид ба вазъият дар Афғонистон ва расонидани кӯмак ба аҳолии ин кишвар табодули назар карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.