Оғози мурофиаи судӣ оид ба қазияи лату кӯби сарбоз Шаҳбол Мирзоев

Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе рӯзи 2-юми июн баррасии парванда нисбат ба хизматчии низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Усмон Ғайратовро, ки ба лату кӯби бераҳмонаи ҳамхизматаш Шаҳбол Мирзоев гумонбар дониста мешавад, оғоз кард. Тавре ба «Азия-Плюс» Абдураҳмон Шарифов, адвокати Шаҳбол Мирзоев хабар дод, Усмон Ғайратов ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва риоя накардани қоидаҳои оинномавии […]



Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе рӯзи 2-юми июн баррасии парванда нисбат ба хизматчии низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Усмон Ғайратовро, ки ба лату кӯби бераҳмонаи ҳамхизматаш Шаҳбол Мирзоев гумонбар дониста мешавад, оғоз кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» Абдураҳмон Шарифов, адвокати Шаҳбол Мирзоев хабар дод, Усмон Ғайратов ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва риоя накардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ айбдор карда мешавад. Ҳамроҳи ӯ фелдшери қисми низомии тиббии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ Гулрафтор Ширинова низ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ӯ ба хунукназарӣ айбдор мешавад.

«Имрӯз ҳуқуқҳои иштирокчиёни ҷаласаи судӣ шарҳ дода шуда, айбномаи пешниҳодшуда қироат карда шуд. Мо пешниҳод намудем, ки парванда бидуни ҳузури Шаҳбол Мирзоев дар мурофиа баррасӣ шавад, зеро сарбоз дар ҳолати вазнин қарор дошта, дар мурофиаи судӣ иштирок карда наметавонад. Ҷаласаи навбатии судӣ оид ба баррасии ин парванда санаи 9-уми июн доир мегардад», – гуфт адвокат.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи май

пас аз ҷарроҳӣ

дар яке аз дармонгоҳҳои вилояти Маскав сарбоз Шаҳбол Мирзоев аз бемористон рухсатӣ ва ба Тоҷикистон оварда шуд.

Аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Дар дармонгоҳи Русия оилаи Мирзоевҳо дар маҷмӯъ ҳудуди 700 ҳазор рубли русӣ (беш аз 20 ҳазор $) – маблағи фурӯши манзили зист дар Аштро хароҷот кард. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.