Кумаки ҶҲАТ ба аҳолии осебдидаи ноҳияи Рӯдакӣ

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба аҳолии аз обхезии нимаи моҳи май осебдидаи ноҳияи Рӯдакӣ кумаки таъҷилӣ расонид. Котиби иҷроияи филиали ноҳиявии ҶҳАТ Ризқинисо Худойбердиева ба «Азия-Плюс» дар ин робита итттилоъ дод, ки намояндагони ҷамъият ҳамроҳ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пас аз 30 дақиқаи обхезӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд. «Дар макони офати табиӣ […]

ASIA-Plus



Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба аҳолии аз обхезии нимаи моҳи май осебдидаи ноҳияи Рӯдакӣ кумаки таъҷилӣ расонид.

Котиби иҷроияи филиали ноҳиявии ҶҳАТ Ризқинисо Худойбердиева ба «Азия-Плюс» дар ин робита итттилоъ дод, ки намояндагони ҷамъият ҳамроҳ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пас аз 30 дақиқаи обхезӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.

«Дар макони офати табиӣ вазъ ва зиёни расида бар асари обхезӣ пешакӣ арзёбӣ шуда, дархостҳои аввалини аҳолии беманзилмонда ба иҷро расиданд», – гуфт Худойбердиева.

Ба қавли ӯ, ба аҳолии осебдидаи ноҳия кумаки ғайриғизоӣ – кӯрпаву болишт, кммпалҳои пахтагин, маҷмӯи рӯйпӯш барои ҷогаҳ (50 дона), маҷмӯи масолеҳи сохтмон (59 адад), хаймаҳои оилавӣ (2 дона) ва рӯйпӯшҳои пластикӣ (10 дона) дода шуданд. «Баъдтар рӯзи 23-юми май бар асоси номаи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба аҳолии ҷамоати Зайнабобод деҳаҳои Комосомол, Адолат ва Файзоб низ барои 200 оила кумаки ғайриғизоӣ расонида шуд», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10-уми май бар асари обхезӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 400 манзили зист осеб дида, дар натиҷаи болоравии беҳад зиёди сатҳи об дар дарёи Элок ба аҳолӣ ва зербинои деҳаҳои Комосомол 1,2, Тоҷикобод, Адолат ва Шафақ зарари зиёд  расонида шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.