Раиси ПСС соҳибкорони туркро ба ҳузур пазируфт

Раиси Палатаи савдо ва саноат (ПСС)-и Тоҷикистон Шариф Саид рӯзи 2-юми июн як гурӯҳ соҳибкорони туркро таҳти сарварии ноиби президенти ширкати Pinar Dulgur Ҳасан Сакиз ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот ҷанбаҳои муосири рушд ва такмили минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни […]

Мавзуна Абдуллоева



Раиси Палатаи савдо ва саноат (ПСС)-и Тоҷикистон Шариф Саид рӯзи 2-юми июн як гурӯҳ соҳибкорони туркро таҳти сарварии ноиби президенти ширкати Pinar Dulgur Ҳасан Сакиз ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот ҷанбаҳои муосири рушд ва такмили минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни мулоқот Шариф Саид изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон барои сармоягузории хориҷӣ шароитҳои хуб фароҳам оварда шудаанд. «Аз ин рӯ, мо бояд баҳри рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, пурра истифода бурдани ҳамаи имконот барои рушди ҳаҷми муомилоти молӣ ва афзоиши сармоягузории тоҷирони Туркия ба иқтисоди Тоҷикистон тариқи баргузории намоишгоҳҳо, ҳамоишҳои тиҷоратии муштарак ва дигар чорабиниҳо ҳамаҷониба кӯшиш ба ҳарҷ диҳем», – гуфт Ш.Саид.

Дар навбати худ Ҳасан Сакиз зикр кард, ки бисёр ширкатҳои туркӣ ба густариши робитаҳо бо сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистон, аз ҷумла амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои саноати сабуку дӯзандагӣ, сохтмон, рушди индустрияи сайёҳӣ ва дигар бахшҳо ҳавасманданд.

Соҳибкорони турк ҳамчунин дар бораи корхонаҳои худ ва имконоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои дар боло зикршуда ва ҳамчунин бахши кишоварзиу таъсиси корхонаҳои муштарак, таҳвили технологияву таҷҳизот аз Туркия ба Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.