Русия ба фонди ҳамкории гуманитарии ИДМ беш аз 200 млн. рубл ҷудо кард

Ҳукумати Русия ҷиҳати пардохти ихтиёрии 246 млн. рубл ба Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) супориш дод. Бино ба иттилои РИА Новости, фаъолияти фонд ба рушди фазои умумии гуманитарӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ дар ИДМ тавассути маориф, илм, фарҳанг, коммуникатсияҳои оммавӣ ва иттилоотӣ, варзиш, сайёҳӣ ва кор бо ҷавонон нигаронида шудааст. «Вазорати молияи Русия […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Русия ҷиҳати пардохти ихтиёрии 246 млн. рубл ба Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) супориш дод.

Бино ба иттилои РИА Новости, фаъолияти фонд ба рушди фазои умумии гуманитарӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ дар ИДМ тавассути маориф, илм, фарҳанг, коммуникатсияҳои оммавӣ ва иттилоотӣ, варзиш, сайёҳӣ ва кор бо ҷавонон нигаронида шудааст.

«Вазорати молияи Русия пардохти маблағро аз ҳисоби воситаҳои ҷудошудаи буҷети пешбинишуда ба Вазорати молияи Русия дар буҷети федералӣ барои соли 2014 таъмин намояд», – хабар медиҳад КоммерсантЪ бо истинод ба матни ҳуҷҷати дахлдор.

Тибқи маълумоти сомомонаи Фонди ҳамкории гуманитарӣ, фонд бар асоси шартномаи баимзорасида дар ҷаласаи нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ  рӯзи 25-уми майи соли 2006 дар Душанбе аз ҷониби ҳафт кишвар – Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон амал мекунад. Соли 2008 ба ин шартнома Озарбойҷон низ ҳамроҳ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.