Дар Тоҷикистон имтиҳони экстерн қисман манъ шуд

Ҳукумати Тоҷикистон касбу ихтисосҳоеро, ки тариқи экстерн (мустақилона) соҳиб шудан ба онҳо ғайриимкон аст, муайян кард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд, сухан дар бораи 99 касбу ихтисос меравад, ки тариқи экстерн соҳиб шудан ба он ғайриимкон аст. «Вазорату идораҳое, ки дар сохторҳои худ муассисаҳои таълимоти олии касбӣ доранд, зимни […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Тоҷикистон касбу ихтисосҳоеро, ки тариқи экстерн (мустақилона) соҳиб шудан ба онҳо ғайриимкон аст,

муайян кард.


Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд, сухан дар бораи 99 касбу ихтисос меравад, ки тариқи экстерн соҳиб шудан ба он ғайриимкон аст.

«Вазорату идораҳое, ки дар сохторҳои худ муассисаҳои таълимоти олии касбӣ доранд, зимни тайёр кардани мутахассисон бояд талаботи ин номгӯйро ба инобат гиранд. Тамоми ихтисосҳои марбут ба тиб ва касбҳои низомиро тариқи экстерн гирифтан ғайриимкон аст», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, миёни ин ихтисоҳо касбҳои эҷодӣ, аз қабили ҳунари ихтироъкорӣ, ритмика, хореография, ҳунари актёрӣ, коргардонӣ, графикаи компютерӣ ва ғайра низ мавҷуданд.

«Қаблан дар Тоҷикистон чунин номгӯй вуҷуд надошт ва танҳо соли 2014 қабул шуда, айни замон аз ҷониби Вазорати маориф ва илм муқаррароти он таҳия мешавад. Дар замони шӯравӣ чунин номгӯи касбу ихтисосҳо мавҷуд буданд, вале пас аз соҳибистиқлол шудани кишвар то ҳамин сол он вуҷуд надошт», – афзуданд дар вазорат.

Экстернат тартиби муқарраршудаи супурдани имтиҳоноти давраи хониши муассисаи таълимӣ барои шахсоне мебошад, ки дар он таҳсил накардаанд. Моҳияти эстернат дар он ифода меёбад, ки ба шахс барои гирифтани маълумоти миёна ё олӣ бидуни ҳозир шудан ба дарсҳо дар мактаб ё донишгоҳ имкон дода мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.