Душанберо аз сохтмони ғайриқонунӣ озод мекунанд

Дар шаҳри Душанбе бори навбатӣ чорабиниҳои батартиборӣ ва ободонии пойтахт ҷараён доранд, ки дар доираи он ҷиҳати ошкор намудани сохтмонҳои ғайриқонунӣ рейдҳо гузаронида мешаванд. Имрӯз ин чорабинҳо дар маҳаллаи 63-юми пойтахт оғоз гардиданд. Тавре сардори Нозироти идора ва хизматрасонии фонди манзили ноҳияи Фирдавсӣ Меҳроҷ Ҷоналоев хабар дод, ин корҳо якчанд рӯз идома ёфта, дар ин […]

Валентина Қосимбекова



Дар шаҳри Душанбе бори навбатӣ чорабиниҳои батартиборӣ ва ободонии пойтахт ҷараён доранд, ки дар доираи он ҷиҳати ошкор намудани сохтмонҳои ғайриқонунӣ рейдҳо гузаронида мешаванд. Имрӯз ин чорабинҳо дар маҳаллаи 63-юми пойтахт оғоз гардиданд.

Тавре сардори Нозироти идора ва хизматрасонии фонди манзили ноҳияи Фирдавсӣ Меҳроҷ Ҷоналоев хабар дод, ин корҳо якчанд рӯз идома ёфта, дар ин муддат кӯчонидан ҳамаи иншшоии ғайриқонунӣ бунёдшуда дар назар аст.

«Биноҳои иловагии назди манзилҳои баландошёна, ки бидуни иҷозати мақомоти дахлдор сохта шудаанд, панҷараҳои ҳавлӣ ва минтақаи сабзи назди хонаҳо, ки ба истгоҳҳои шахсии автомашина табдил ёфтаанд ва танӯрҳову ошхонаҳои худсарона сохташуда кӯчонида мешаванд. Барои анҷоми ин кор комиссия бо техникаи зарурӣ таъмин аст», – иброз дошт Ҷоналоев.

Зимнан зикр гардид, ки ба ҳайати комиссия раҳбарияти ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ, намояндагони кумитаи заминсозӣ, раёсатҳои меъморӣ ва оташнишонӣ, обу корез, раёсати идоракунии манзил ва кормандони милиса шомиланд, ки масоили пайдошуда ҳангоми кӯчонидани иншоотро бевосита дар маҳал ҳал мекунанд.

Ҷоналоев ҳамчунин зикр кард, ки чунин чорабиниҳо муддати се моҳ, аз 14-уми май то 21-уми август дар тамоми қаламрави шаҳр гузаронида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.