Суғд: Ҷамъбасти марҳилаи аввали амалиёти «Нелегал-2014»

Аз санаи 12 то охири моҳи май дар қаламрави вилояти Суғд марҳилаи якуми амалиёти махсуси «Нелегал – 2014» ҷараён гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин давра бо иштироки фаъолонаи кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 59 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи шаҳрвандони […]

ASIA-Plus



Аз санаи 12 то охири моҳи май дар қаламрави вилояти Суғд марҳилаи якуми амалиёти махсуси «Нелегал – 2014» ҷараён гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин давра бо иштироки фаъолонаи кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 59 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ошкор ва нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

Гуфта мешавад, аз ҷумлаи шахсони ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  роҳдода шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Чин – 31 нафар, Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 5 нафар, Федератсияи Русия – 8 нафар, Афғонистон – 9 нафар, Туркия – 4 нафар ва Қирғизистон – 2 нафарро ташкил медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.