Ҳалокати беш аз 500 муҳоҷири тоҷик танҳо дар Маскав

Раиси ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони кории тоҷик» Каромат Шарипов дар бораи ҳалокати беш аз 500 муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2014 дар шаҳру вилояти Маскав хабар медиҳад. Зикр мегардад, ки ба рӯйхати дар сомонаи ҳаракат интишоршуда маълумот танҳо оид ба шаҳру вилояти Маскав дарҷ гардидааст. «Таваҷҷуҳи ҷомеаро ба он ҷалб карданием, ки ин […]

ASIA-Plus



Раиси ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони кории тоҷик» Каромат Шарипов дар бораи ҳалокати беш аз 500 муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2014 дар шаҳру вилояти Маскав хабар медиҳад.

Зикр мегардад, ки ба рӯйхати дар сомонаи ҳаракат интишоршуда маълумот танҳо оид ба шаҳру вилояти Маскав дарҷ гардидааст. «Таваҷҷуҳи ҷомеаро ба он ҷалб карданием, ки ин маълумот аз ҷониби яке аз мурдахонаҳои сершумори пойтахти Русия пешниҳод шуд. Шумори ин мурдахонаҳо дар шаҳру видояти Маскав ба зиёда аз 150 адад мерасад. Ҳалокати беш аз 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тайи як сол тибқи маълумоти танҳо як мурдахона ва танҳо дар як Ҳавзаи маъмурии марказии Русия талафотест, ки наметавон онро бо талафот дар «нуқтаҳои доғ»-и ҷаҳон муқоиса кард. Ба гунаи мисол, давоми ҷанги чандинсола дар Афғонистон ИМА ҳудуди як ҳазор нафар ҷангиёнро талаф дод», – қайд мекунад Шарипов.

Бо интишори рӯйхати ҳамватанони ҳалокшуда аз моҳи январи соли 2013 то моҳи апрели соли 2014, иштирокчиёни ҳаракати «Муҳоҷирони кории тоҷик» ба маълумоти намояндагони воломақоми Тоҷикистону Русия расониданианд, ки муҳоҷират барои тоҷикон фабрикаи марг аст. «Дар ҷойҳои корӣ, зери чархи нақлиёт, аз дасти ифротгароён на пиронсолон, балки шаҳрвандони тоҷики ҷавону дорои қобилияти корӣ ҳалок мешаванд», – зикр мекунад раиси ҳаракат.

Гуфта мешавад, баҳри абадӣ гардонидани хотираи муҳоҷирони корӣ аъзои ҳаракат чандин сол ба он ноил гардиданианд, ки дар шаҳри Душанбе муҷассамаи муҳоҷири корӣ қомат афрозад, вале «ҳукуматдорони Тоҷикистон садои ҳамватанони худро намешунаванд».

Рӯйхати комили муҳоҷирони кории ҳалокшуда аз Тоҷикистон дар шаҳру вилояти Маскавро бо ин суроға дарёфт карда метавонед:

http://tajmigrant.com/publikuem-spisok-sootechestvennikov-ushedshix-iz-zhizni-v-migracii-s-yanvarya-2013-g-po-aprel-2014-my-soboleznuem-i-skorbim-vmeste-s-rodstvennikami-ushedshix-iz-zhizni-sootechestvennikov.html

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.