Пешниҳоди лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба ҳукумат

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар толори Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» таҳти раёсати Муовини Якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи нахустини Шӯро баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар ҷаласа лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, аз […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар толори Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» таҳти раёсати Муовини Якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид

ҷаласаи нахустини Шӯро

баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар ҷаласа лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, аз қабили нерӯгоҳҳои барқии обии дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва шохобҳои он сохташаванда, маркази нақлиётию логистикӣ барои хизматрасонии боркашонҳои байналмилалии автомобилӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода, барқарорсозии системаи таъмини оби нӯшокӣ, сохтмони хати роҳи оҳан ва инфрасохтори аввалия дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва шартнома оид ба идоракунӣ – ҷалби амалгари (оператори) ботаҷриба барои идоракунии ШСХК «Барқи Тоҷик» муаррифӣ шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин атрофи масъалаҳои марбут ба амалҳои минбаъда ҷиҳати иҷрои қонуни соли 2012 қабулшуда «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», қарорҳои иловагии содиршудаи ҳукумати кишвар оид ба амалисозии пурсамари он ва татбиқи лоиҳаҳо дар доираи шарикии давлат ва бахши хусусӣ табодули назар сурат гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.