Толибилми тоҷик ғолиби мутлақи Олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни забони русӣ

Рӯзҳои 5-12 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии ба номи А. Пушкини шаҳри Москваи Федератсияи Россия бахшида ба 215-солагии адиби рус А. Пушкин олимпиадаи 13-уми байналхалқӣ аз фанни забон ва адабиёти рус миёни 206 хонанда аз 30 давлати дунё баргузор гардид. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати маоифи ва илми ҷумҳурӣ, дар он аз Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 5-12 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии ба номи А. Пушкини шаҳри Москваи Федератсияи Россия бахшида ба 215-солагии адиби рус А. Пушкин олимпиадаи 13-уми байналхалқӣ аз фанни забон ва адабиёти рус миёни 206 хонанда аз 30 давлати дунё баргузор гардид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати маоифи ва илми ҷумҳурӣ, дар он аз Тоҷикистон 5 нафар хонанда ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Олимпиада аз шартҳои зерин: кори хаттӣ, нотиқи ҷавон, қироати ифоданок, кишваршиносӣ ва таърихи илму фарҳанги Россия иборат буд.

Натиҷаи олимпиада нишон дод, ки Нодира Раҳимова – хонандаи синфи 11-и мактаби Президентии шаҳри Чкалов ғолиби мутлақи олимпида (соҳиби Гран-прӣ) ва роҳхат барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Федеретсияи Россияро соҳиб гардид.

Мадина Сулаймонова-хонандаи синфи 11-и мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе (ҷойи якум), Мариям Осимӣ–хонандаи синфи 9-и мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе ва Мумтоза Маҳмадова-хонандаи синфи 8-и гимназияи «Кафолат»-и шаҳри Дущанбе, (ҷойи дуюм), Беҳрӯз Сафаров –хонандаи синфи 9-и мактаби рақами 1-и шаҳри Душанбе (ҷойи сеюм)-ро сазовор гардиданд. Дар охир ба онҳо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Гуфта мешавад, дар соли 2014 хонадагони тоҷик дар олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ аз фанҳои физика, математика, информатика (Қазоқистон), биология (Озобойҷон), лоиҳаҳои табиӣ (ИМА), биолоия ва экология (Гурҷистон), химия (Москва), математика (Булғория), технологияи информатсионӣ (Руминия), фанҳои гуманитирӣ (Туркия), математика (Индонезия) иштирок намуда, дар маҷмӯъ 94 медалро соҳиб гардиданд, ки 17 тилло, 20 нуқра ва 53 биринҷиро дар бар мегирад.  Инчунин, соли ҷорӣ дар давлатҳои Голландия, ЮАР, Аргентина, Хитой, Эстония, Африқо, Ҳиндустон ва Қазоқистон олимпиадаҳо баргузор мегардад, ки хонандагони тоҷик ширкат варзида, номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ хоҳанд кард. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.