Талаби Freedom House бобати рӯшанӣ андохтан ба тақдири муҳаққиқи ҷавони боздоштшуда

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар робита ба боздошти муҳаққиқи илмӣ Александр Содиқов ба гумони ҷосусӣ нигаронӣ изҳор намуд. «Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба оила ва ҳамкорони Содиқов дар бораи маҳал ва шароити нигаҳдории Содиқов маълумот пешниҳод намояд, – гуфтааст Дэвид Крамер, роҳбари Freedom House. – Содиқов бояд таъҷилан аз рӯи интихоби […]

ASIA-Plus



Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар робита ба боздошти муҳаққиқи илмӣ Александр Содиқов ба гумони ҷосусӣ нигаронӣ изҳор намуд.

«Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба оила ва ҳамкорони Содиқов дар бораи маҳал ва шароити нигаҳдории Содиқов маълумот пешниҳод намояд, – гуфтааст Дэвид Крамер, роҳбари Freedom House. – Содиқов бояд таъҷилан аз рӯи интихоби худ бо дастрасӣ ба адвокат таъмин карда шавад. Феълан боздошти ӯ бештар ба бедаракшавӣ шабоҳат дорад».

Тибқи изҳороти расмии КДАМ Тоҷикистон Содиқов нимаи рӯзи 16-уми июн дар Хоруғ боздошт шуд, ки он ҷо барои донишгоҳи Экситер таҳқиқоти илмӣ анҷом медод. Дар изҳорот ҳукуматдорон Содиқовро ба ҷосусӣ ба манфиати кишвари хориҷии номбарнашуда айбдор мекунанд.

«Аз замони боздошт то ҳанӯз ӯ танҳо як маротиба соати 9-и шаби 16-уми июн тариқи телефон бо оилааш дар тамос шудааст. Дар ҳамин ҳол, ӯ гуфта натавонистааст, ки дар куҷо таҳти ҳабс қарор дорад. Сарфи назар аз маълумоти чанде аз ВАО дар бораи нимаи дуюми рӯзи 17-уми июн ба озодӣ рухсатӣ шудани Содиқов, на оилаву на ҳамкоронаш дигар ӯро надидаанд ва маҳалли будубоши ӯ то ҳол маълум нест», – зикр мекунад Freedom House.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.