Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар суди гарнизони шаҳри Душанбе ҳукм нисбати фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов, ки дар лату кӯб ва маҷрӯҳ кардани сарбоз Шаҳбол Мирзоев айбдор карда мешавад, содир мегардад; – Дар толори конфронси «Душанбе-Плаза» таҳти унвони «Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Миёна: дастовардҳо ва дурнамоиҳои Тоҷикистон дар мубориза […]

ASIA-Plus



Анонс



– Дар суди гарнизони шаҳри Душанбе ҳукм нисбати фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов, ки дар лату кӯб ва маҷрӯҳ кардани сарбоз Шаҳбол Мирзоев айбдор карда мешавад, содир мегардад;

– Дар толори конфронси «Душанбе-Плаза» таҳти унвони «Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Миёна: дастовардҳо ва дурнамоиҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;

– Дар сафоратхонаи Беларус дар Тоҷикистон вохӯрии намояндагони сафоратхона бо собиқадорони ҶБВ, ки дар озодкунии Беларус аз фашистон саҳм гузоштаанд, барпо мегардад. Оғоз соати 11-00;

– Дар Душанбе Машварати панҷуми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ, ки ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ваколатдоранд, доир мегардад;

– Дар маркази фарҳанги «Бактрия» намоиши филми мустанад бо забони русӣ ва субтитрҳои англисии коргардон Михал Боганим «Одесса… Одесса!» барпо мешавад.



Қ


урби


асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9204

сомонӣ;


1

евро –

6.6775

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1418

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1962

– Анҷумани нахустини зиёиёни Тоҷикистон баргузор шуд.


2007

— Шабакаи мустақили телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз кард.


1918-1990

– Зодрӯзи сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Михаил Алоев.


1948

– Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов.


1978

– Зодрӯзи журналист Рамзия Мирзобекова.



Вазъи обу


ҳ


аво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +25+30.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +21+26.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +25+30;  дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +11+16.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +23+25.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.