Имзои як қатор асноди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Малайзия

Пас аз анҷоми гуфтушуниди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Малайзия Наҷиб Абдураззоқ ва ҳамчунин ҳайатҳои расмии ду кишвар як қатор санадҳо ба имзо расиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст зери Баёнияи муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири […]

ASIA-Plus



Пас аз анҷоми гуфтушуниди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Малайзия Наҷиб Абдураззоқ ва ҳамчунин ҳайатҳои расмии ду кишвар як қатор санадҳо ба имзо расиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст зери Баёнияи муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ имзо гузоштанд. Ҳамчунин Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба машваратҳои дуҷониба, 

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм, Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Малайзия низ ба имзо расиданд.

Барои таҳкими бештари муносиботи дӯстӣ ва тавсиаи робитаҳо муҳайёсозии заминаи қавии қарордодиву ҳуқуқӣ ва ҳарчи зудтар таъсис додани комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкорӣ зарур дониста шуд. Дар ин робита Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари ҷавобии давлатӣ ташриф биёрад. Наҷиб Абдурраззоқ пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмонро доир ба ташкили комиссияи муштараки ҳамкорӣ ва боздид аз Тоҷикистон хуш пазируфта, ин тадбирҳоро омили муҳими густариши робитаҳо миёни ду кишвар номид.

Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ низ ҳавасмандии амиқи Малайзияро ба ташкил ва густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Малайзия дарҳои худро ба рӯйи Тоҷикистон боз кардааст ва мо омодаем, ки бо истифода аз таҷрибаи ғании худ ба рушди босуботи иқтисодии кишвари шумо мусоидати фаъол намоем”.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои тараққикардаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва хусусан Малайзияро “аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон” номид.

Доир ба рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Аз рушди намоёни ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олии миёни ду кишвар изҳори хушӣ карда шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло беш аз 200 донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсили илм мекунанд.

Ҳамкорие, ки миёни Тоҷикистону Малайзия дар соҳаи энегетика, аз ҷумла барои сохтмони як маркази барқугармидиҳӣ бо истифода аз ангишти маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст, оғозбахши робитаҳои фарохи иқтисодию сармоягузории ду кишвар номида шуд.

Ба рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ ҳавасмандии ҳарду ҷониб таъкид гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот изҳори қаноат намуда, бори дигар ҳавасмандии ду кишвари дӯстро ба густариши бештари робитаҳои судбахш таъйид намуданд.

Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ муносиботи Тоҷикистону Малайзияро дорои ояндаи умедбахш номида, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Малайзия ба густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои судбахш бо Тоҷикистон амиқан ҳавасманд аст”.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: “Ҳар ду ҷониб ҳамфикр буданд, ки ҳамкории фарох, фарогир ва созандаи ду кишвар ҷавобгӯи комили манфиатҳои дарозмуддати мардумони мо, густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар Осиё мебошад”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.