Суғд: Се нафар барои куштори бераҳмонаи ҷавонзан маҳкум шуданд

Се нафар сокини вилояти Суғд барои қатли бераҳмонаи ҷавонзан ба 23-24-соли зиндон маҳкум шуданд. Аз Суди вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ чанде қабл баррасии парванда нисбати сокинони шаҳри Истаравшан – Эҳроми Бозори 23-сола, Илҳом Алиқулови 25-сола ва Аслон Азимбекови 23-соларо ба итмом расонида, онҳоро […]

Мавлуда Рафиева



Се нафар сокини вилояти Суғд барои қатли бераҳмонаи ҷавонзан ба 23-24-соли зиндон маҳкум шуданд.

Аз Суди вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ чанде қабл баррасии парванда нисбати сокинони шаҳри Истаравшан – Эҳроми Бозори 23-сола, Илҳом Алиқулови 25-сола ва Аслон Азимбекови 23-соларо ба итмом расонида, онҳоро дар содир намудани куштори бераҳмона гунаҳкор эътироф намуд.

Ба иттилои манбаъ, Эҳроми Бозор ба 24 ва Илҳом Алиқулову Аслон Азимбеков ҳар кадоме ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ дар қаламрави деҳоти Охтангии ҷамоати Шаҳристон зери ҷӯи металлу бетонӣ ҷасади ҷавонзани 23-сола, сокини шаҳри Истаравшан Мақсудаи Алиҷон бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шудаааст.

«Муайян карда шуд, ки маҳкумшудагони дар зиндон бо ҳамдигар шиносшуда 2 ҳазору 500 сомонӣ маблағи пулии ҷавонзанро дуздида, аз ӯ 3 телефони ҳамроҳашро низ мегиранд, ки дар умум  3 ҳазору 600 сомонӣ мешавад. Сипас ӯро то марг лату кӯб намуда, бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷиноят, ба ҷасад бензин пошида, онро оташ мезананд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.