Зиёновар дониста шудани беш аз 50 корхона дар Тоҷикистон

Натиҷаҳои молиявии корхона ва ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда (бидуни назардошти корхонаҳои бахши кишоварзӣ ва тиҷорати хурд) дар семоҳаи аввали соли 2014 манфӣ ҷамъбаст гардида, маблағи зарарҳои тавозунӣ 109,7 млн. сомонӣ дар муқобили даромади тавозунии ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 109,4 млн. сомониро ташкил доданд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳиссаи корхонаҳои даромадовар дар […]

ASIA-Plus



Натиҷаҳои молиявии корхона ва ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда (бидуни назардошти корхонаҳои бахши кишоварзӣ ва тиҷорати хурд) дар семоҳаи аввали соли 2014 манфӣ ҷамъбаст гардида, маблағи зарарҳои тавозунӣ 109,7 млн. сомонӣ дар муқобили даромади тавозунии ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 109,4 млн. сомониро ташкил доданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳиссаи корхонаҳои даромадовар дар семоҳаи аввали соли равон 45,6% (46,2% дар соли 2013) аз шумори умумии корхонаҳои ҳисоботдиҳандаи тобеъи сохторҳои ҳукуматиро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, маблағи фоидаи гирифтаи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 178,6 млн. сомонӣ ё худ 36,8% кам шудааст.

Вазни қиёсии корхонаҳои зиёновар аз шумори умумии корхонаҳои ҳисоботдиҳанда дар семоҳаи аввал 34,4%-ро ташкил додааст, аз ҷумла корхонаҳои саноати коркард – 43%, сохтмон – 32,8%, нақлиёт, хоҷагии анбор ва алоқа – 23,9%.

Ғайр аз ин, тибқи маълумоти пешакии Агентии омор, ба санаи 1-уми апрели соли 2014 қарзи умумии корхонаҳои ҳисотдиҳанда аз рӯи уҳдадориҳо ба 17 млрд. 110,5 млн. сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса бо санаи 1-уми апрели оли 2013 ба миқдори 5 млрд. 0,65 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Қарзи дебитории корхонаву ташклотҳо ба санаи 1-уми апрел 6 млрд. 728,9 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 324 млн. сомонӣ бештар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.