«Аҷинабозор»-и шаҳри Душанбе баста шуд

Ҳукуматдорони пойтахт бозори миёни мардум маъмул бо номи «Аҷинабозор»-ро бастанд. Ин бозор субҳ ҳангоми ба пойтахт омадани қатораи наздишаҳрӣ фаъолият мекард. Аз ин бозор аксаран афроди нисбатан даромадашон камтар ва савдогарони бозорҳои дигари шаҳр харид мекарданд, зеро маҳулоти дар «Аҷинабозор» мавриди фурӯш қарормегирифта аз бозорҳои дигари пойтахт арзонтар буданд. Фурӯшандагони маҳсулоти ин бозор – сокинони […]

Меҳрангез Турсунзода



Ҳукуматдорони пойтахт бозори миёни мардум маъмул бо номи «Аҷинабозор»-ро бастанд. Ин бозор субҳ ҳангоми ба пойтахт омадани қатораи наздишаҳрӣ фаъолият мекард.

Аз ин бозор аксаран афроди нисбатан даромадашон камтар ва савдогарони бозорҳои дигари шаҳр харид мекарданд, зеро маҳулоти дар «Аҷинабозор» мавриди фурӯш қарормегирифта аз бозорҳои дигари пойтахт арзонтар буданд. Фурӯшандагони маҳсулоти ин бозор – сокинони ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав ва Турсунзода ба бозор миқдор начандон зиёде сабзавоту мева оварда, кӯшиш мекарданд, ки маҳсулоташонро базудӣ фурӯшанд.

Котиби матбуотии мақомоти шаҳрдории Душанбе Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки бозори мазкур стихиявӣ ва мутаносибан ғайриқонунӣ амал мекард. «Гузашта аз ин, издиҳоми зиёди мардум дар роҳи оҳани назди бозор барои харидорону фурӯшандагон хатарнок буда, аз ин рӯ, чунин тасмим гирифта шуд», – иброз дошт ӯ.

Акнун фурӯшандагони ноҳияҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе маҳсулоти ғизойии худро дар бозорҳои сершумори пойтахт ба фурӯш гузошта метавонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.