Сафорати ҶТ дар Русия: Гирдиҳамоӣ дар назди консулгарӣ ғайриқонунӣ буд

Бино бар гузориши пулиси Маскав, як гурӯҳ ашхоси номаълум назди бинои Хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия омада, кӯшиши оростани гиридиҳамоӣ намудаанд, ки ин иқдом дар асоси талаботи қонун ва мувофиқа намудан бо мақомоти русӣ роҳандозӣ нашудааст. Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ки гузашта аз ин, сафорат […]

ASIA-Plus



Бино бар гузориши пулиси Маскав, як гурӯҳ ашхоси номаълум назди бинои Хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия омада, кӯшиши оростани гиридиҳамоӣ намудаанд, ки ин иқдом дар асоси талаботи қонун ва мувофиқа намудан бо мақомоти русӣ роҳандозӣ нашудааст.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ки гузашта аз ин, сафорат ягон муроҷиат ва ё талаботи мантиқии ин гурӯҳи шаҳрвандонро дастрас накардааст, «ҳол он ки мо ҳамеша омодаем, бо ҳамаи табақаҳои шаҳрвандонамон дар қаламрави кишвари иқомат, новобаста аз мақоми иҷтимоӣ, назар ва мавқеи сиёсиву шаҳрвандияшон мулоқоту гуфтугӯ намоем».

 «Агар сухан дар мавриди ёрии пулии ҷониби русӣ ба фавтидагон ва зарардидагони садама дар метрои Маскав бошад, чуноне ки дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет бар он ишора мекунанд, ин кор дар доираи салоҳияти мақомоти марбутаи ҷониби Русия ва тибқи маълумоте, ки мо дорем, танҳо дирӯз Раёсати ҳимояи иҷтимоии аҳолии ҳукумати шаҳри Маскав қабули ҳуҷҷатҳои зарардидагон ва намояндагони ашхоси дар ин садама фавтидаро оғоз намудааст, ки он дар доираи тартиботи муайян мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҳамаи онҳо новобаста аз макони зист ва тобеъияти шаҳрвандияшон, дода хоҳад шуд», – иброз дошт вай.

Чуноне пештар ҳукумати шаҳри Маскав хабар дода буд, хонаводаҳои ашхоси дар ин садама фавтида – 1 миллион рубл, нафарони ҷароҳати вазнин бардошта- 500 ҳазор рубл, ҷароҳати миёна – 250 ҳазор рубл рубл ва ҷароҳати сабук бардошта- 50 ҳазор рубли русӣ аз буҷаи шаҳр кумакпулӣ дарёфт хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ӯ, сафорати Тоҷикистон расман изҳори омодагӣ менамояд, ки агар дар ҳуҷҷатгузории ин раванд мусоидат ва кумак зарур ояд, вориди чараён хохад шуд. «Гузашта аз ин, шахсан сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ҳангоми боздид аз аҳволи шаҳрвандони ҷароҳатбардоштаи Тоҷикистон дар ин садама дар бемористонҳои пойтахт ва ҳангоми мулоқот бо сардухтурони ин муассисаҳои табобатӣ, таъкид бар он намуд, ки дар ин раванд сафорат ба шаҳрвандони кишвар ҳамаҷониба кумак хоҳад кард. Қазияи садамаи метрои Маскав, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон низ фавтидаву ҷароҳат бардоштаанд, дар мадди назари ҷиддии роҳбарияти сафорат қарор дорад», – изҳор кард намояндаи сафорат.

Гуфта мешавад, метавон ёдовар шуд, ки Хадамоти консулгарии сафорат аллакай ба наздикони хонаводаи ду шаҳрванди фавтидаи Тоҷикистон дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ кумак намуда, дар масъалаи тайёр ва ҷамъ намудани мавод ва ҳуҷҷатҳои лозима ҷиҳати дарёфти ин кумакпулии ҳукумати шаҳри Маскав изҳори омодагӣ намуд.

«Бинобар ин, бо истифода аз фурсат, мехоҳем ба самъи ҳамватанонамон, бирасонем, ки сафорати  Точикистон дар Русия феълан самти корро дар тамоми соҳоти ҳамкорихо бо Русия, аз ҷумла дар бахши сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ пурзӯр намудааст. Дар баробари ин, ҳоли ҳозир дар ҳарду биноҳои сафорат ва Хадамоти консулгарии он корҳои таъмиру азнавсозӣи босуръат идома доранд, ки ин пеш аз ҳама, барои беҳтар намудани шароити қабул ва хидматгузории шаҳрвандонамон равона шудааст», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.