Ба Қумсангир омадани 240 нафар омӯзгорон бо даъвати ҳукумати ноҳия

Соли хониши имсола 240 оилаи омӯзгорон ба ноҳияи Қумсангир омаданд. Бино ба гуфти раиси ноҳияи Қумсангир Холмурод Раҳмонов, соли хониши 2013-2014 барои таъмини мактабҳои ҳамагонии ноҳия аз дигар минтақаҳои кишвар оилаҳои омӯзгорон даъват карда оварда шуданд. «Мо барои ин 240 оилаи омӯзгорон мувофиқи имкон шароити лозимаро таъмин намудем. Барояшон замини наздиҳавлигӣ ҷудо намудему дар он […]

Сайраҳмон Назриев



Соли хониши имсола 240 оилаи омӯзгорон ба ноҳияи Қумсангир омаданд.

Бино ба гуфти раиси ноҳияи Қумсангир Холмурод Раҳмонов, соли хониши 2013-2014 барои таъмини мактабҳои ҳамагонии ноҳия аз дигар минтақаҳои кишвар оилаҳои омӯзгорон даъват карда оварда шуданд.

«Мо барои ин 240 оилаи омӯзгорон мувофиқи имкон шароити лозимаро таъмин намудем. Барояшон замини наздиҳавлигӣ ҷудо намудему дар он маҳаллаҳое, ки омӯзгорон зиндагӣ мекунанд дар сохтмони манзилҳояшон кумак карданд. Омӯзгорон аслан аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, Бадахшон ва Суғд даъват шудаанд»- изҳор дошт раиси ноҳия.

Ба гуфтаи вай, имсол намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва Бадахшон сафар карда, боз  оилаҳои омӯзгоронро ба макотиби Қумсангир даъват кардаанд. Бино ба маълумотҳои пешакӣ, боз 86 оилаи омӯзгорон омодаанд дар рӯзҳои наздик ба Қумсангир кӯч банданд.

«Дар ноҳия мушкили кадрӣ дар соҳаи маориф ҷой дорад. Мо мактабҳои зиёде сохтему шароити мусоиди таҳсилро фароҳам овардем.  Имрӯз аллакай аз пайи ҳалли мушкили кадрӣ ҳастем ва тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод, то ки мактабҳои ноҳия бо беҳтарин омӯзгорон таъмин бошанд, – гуфт раиси ноҳия.

Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳияи Ҷиликӯл Хӯҷамурод Фазлиддинов зимни як нишасти матбуотӣ изҳор намуд ки роҳбарияти ноҳия ба қабули омӯзгорони ҷавон ва ҷудо кардани қитъаи замин барои онҳо мода аст.

Раиси ноҳия ҳатто ба омӯзгорони ҷавони муҷаррад ташкили тӯйи хонадоршавиашонро ҳам ваъда кард. «Агар лозим шавад, он омӯзгорони ҷавоне, ки ба ноҳия меоянду муҷарраданд, мо метавонем онҳоро аз ҳисоби ноҳия хонадор намоем, – изҳор дошт раиси ноҳияи Ҷиликӯл.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.