Шиносоии вазири корҳои дохилӣ бо фаъолияти ротаи зарбазании ДТММ

Рӯзи 22-юми июл Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Ротаи зарбазани Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз шароити хизматӣ, маишию иҷтимоии хизматчиёни ин ниҳод дидан намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ротаи мазкур моҳи октябри соли 2012 дар ҳайати Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон […]



Рӯзи 22-юми июл Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Ротаи зарбазани Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз шароити хизматӣ, маишию иҷтимоии хизматчиёни ин ниҳод дидан намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ротаи мазкур моҳи октябри соли 2012 дар ҳайати Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, яке аз ҷузъҳои муҳими воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад.

Ба иттилои манбаъ, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ шароити хизматӣ, маишию иҷтимоии Ротаи зарбазан беҳтару хубтар гардида истодааст. Аз ҷумла, дар як муддати кӯтоҳ барои ҳайати шахсии Ротаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ҳамоми замонавӣ, майдони сафороӣ ва майдонча барои бозиҳои варзишии волейбол бунёд карда шуданд.

«Рамазон Раҳимзода аз ошхона, ҳамом, ҷойи хоб (казарма) ва дигар шароити хизматию маишии  афсарону хизматчиёни Рота аз наздик шинос гардида, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани иншоотҳои Рота ва атрофи он ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод», – омадааст дар иттилои ВКД.

Гуфта мешавад, зимни боздид вазир дар назди ҳайати шахсии Ротаи зарбазани Дастаи таъиноти махсуси милитсия суханронӣ намуда, афсарону хизматчиёни Ротаро ба далерию шуҷоат ва мардонагию матонат ҳидоят намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.