Аз мансаб сабукдӯшии раисони ҷамоатҳои ноҳияи Румӣ барои изофанависӣ

Ба ҷурми изофанависӣ дар кишти картошка се раиси ҷамоати ноҳияи Ҷалолиддини Руми аз вазифаҳои худ барканор шуданд. Раиси ноҳияи Ҷалоддини Румӣ Маҳмадраҳим Исмоилов дар ин робита изҳор намуд, ки ба хотири изофанависӣ се нафар раисони ҷамоатҳои деҳоти Фрунзе, Калинин ва Гулистон аз вазифаҳои худ озод карда шуданд. «Аслан бигирем ин изофанависӣ набуд, зеро кишти картошка […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Ба ҷурми изофанависӣ дар кишти картошка се раиси ҷамоати ноҳияи Ҷалолиддини Руми аз вазифаҳои худ барканор шуданд.

Раиси ноҳияи Ҷалоддини Румӣ Маҳмадраҳим Исмоилов дар ин робита изҳор намуд, ки ба хотири изофанависӣ се нафар раисони ҷамоатҳои деҳоти Фрунзе, Калинин ва Гулистон аз вазифаҳои худ озод карда шуданд.

«Аслан бигирем ин изофанависӣ набуд, зеро кишти картошка дар майдоне, ки онҳо қаблан ҳисобот дода буданд гузаронида шуда буд. Аммо ҳамагӣ медонанд, ки имсол зимистон бисёр сард омаду қисми зиёди маҳсулотҳои барвақтиро сармо зад. Аз ҷумла картошка ҳам зарари ҷиддӣ дид. Вале вақте ки санҷиши кишти картошка гузаронида шуд, қисми майдонҳои кишти картошка вайрон карда шуда буд ва ба ҷои онҳо дигар зироатҳо кишт шуда, онро дар назари аввал ба ҳисоб нагирифтанд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли раиси ноҳия, баъдан санҷишҳои ҷиддӣ нишон додаанд, ки воқеъан ин нафарон изофанависӣ накарда, балки дар масъалаи пешниҳодҳои ҳисобот хунукназарӣ кардаанд. «Аз ин хотир раисони ҷамоатҳо аз взифаҳои худ барканор шуданд», – афзуд номбурда.

Бояд ёдовар шуд, ки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмад зимни як нишасти матбуотӣ изҳор намуда буд, ки дар вилоят барои изофанависӣ 56 нафар шахсони мансабдор  ба муҷозот кашида шуданд, аз ҷумла 46 нафари онҳо аз вазифаҳои хизматиашон барканор шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.