– Маълумоти аз ҷониби як қатор ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ интишоршуда дар бораи эҳтимоли зиёд шудани сафи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар нишасти қарибулвуқӯъи созмон рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар Душанбе асоси воқеӣ надорад, – иброз дошт ба «Азия-Плюс» яке аз узви ситоди тадорукоти ҳукумати ҶТ оид ба баргузории ин нишаст.
Ба иттилои манбаъ, дар рӯзномаи нишасти СҲШ дар Душанбе воқъан ҳам масъалаи қабули кишварҳои нав ба узвияти созмон ҷой дорад. «Агар дар Душанбе сарони кишварҳои узви СҲШ дастаҷамъона тартиби қабули давлатҳои нав ба сафи созмонро тасдиқ кунанд, пас афзудани сафи кишварҳо дар СҲШ-ро дар нишасти навбатии созмон ахири тобистони соли 2015 дар Русия мебояд интизор шуд», – гуфт манбаъ.



