Ба журналистони маҳаллӣ меъёрҳои байнулмилалии журналистикаро омӯзониданд

Бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, намояндагии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон ба журналистони маҳаллӣ меъёрҳои байналмилалии журналистика омӯзонда шуд. Тавре аз Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) хабар доданд, санаҳои 8 -9 августи соли 2014 ин ниҳод дар доираи тренинги «Меъёрҳои байналмилалӣ дар журналистика» ба 14 нафар журналисти шаҳри Душанбе ва ВМКБ, […]

ASIA-Plus



Бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, намояндагии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон ба журналистони маҳаллӣ меъёрҳои байналмилалии журналистика омӯзонда шуд.

Тавре аз Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) хабар доданд, санаҳои 8 -9 августи соли 2014 ин ниҳод дар доираи тренинги «Меъёрҳои байналмилалӣ дар журналистика» ба 14 нафар журналисти шаҳри Душанбе ва ВМКБ, меъёрҳои байналмилалӣ ва тарзи навиштани мақолаи таҳлилию хабариро таълим дод.

IWPR дар татбиқи меъёрҳои байналмилалии журналистика, бо мақсади омода намудани мақолаҳои касбӣ инчунин дар расонаҳои маҳаллӣ кам кардани мақолаҳое, ки муаллифони он ба баҳсҳои додгоҳӣ кашида мешаванд, роҳнамоӣ мекунад.

Фирўз Баротов, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои ташкилоти байналхалқии International Media Support (IMS), ҳамчун тренер аз таҷрибаи баҳсҳои додгоҳии ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ, ба журналистони ҷавон мисолҳои воқеӣ овард.

Дар раванди тренинг, иштирокчиён мустақиман аз усулҳое кор гирифтанд, ки дар таҷрибаи аксари онҳо бори аввал будааст ва бо ҳамдигар сари пешниҳод намудани мавзӯъ, омода кардани гузориш дар шакли меъёрҳои байналмилалӣ баҳс намуданд. Барои иштирокчиёни тренинг бештар аз ҳама тарзу усули пешниҳоди мавзӯъ ба расонаҳои байналхалқӣ ҷолиби диққат буд.

«Дар давоми ду рӯзи тренинг нозукиҳои зиёди меъёрҳои байнамилалии журналистикаро аз худ кардам, аз ҷумла тарзи омода кардани гузориш, навиштани «лид» ва истифода аз сарчашмаҳои мӯътамад, ки барои мо дар оянда хеле муфид хоҳад буд. Забон ва усули пешниҳоди мавод хеле олӣ буд: тренер ҳар як нуктаро бо мисолҳои воқеӣ шарҳ медод, ки хеле муҳим аст»,- қайд кард Файзалӣ Ниёзов, хабарнигори радиои “Имрӯз”.

IWPR нақша дорад, ки чунин тренингҳоро дар дигар минтақаҳои кишвар низ доир намояд.

Тренинг дар доираи лоиҳаи сесолаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия ва “Хазинаи миллии рушди демократия” (NED) маблағгузорӣ мешавад.

Лоиҳаи мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Максади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, ВАО ва намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.