Хуҷанд: Боздошти собиқ маҳкумшуда ба гумони ғоратгарӣ

Дар шаҳри Хуҷанд сокини маҳаллӣ ва собиқ маҳкумшуда ба гумони даст доштан дар ҳодисаҳои ғоратгарӣ боздошт шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ хабар доданд, чанде қабл як сокини ноҳияи Ғончӣ ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки шомгоҳон шахси номаълуме аз дасти ӯ борхалтаашро, ки дар […]

Мавлуда Рафиева



Дар шаҳри Хуҷанд сокини маҳаллӣ ва собиқ маҳкумшуда ба гумони даст доштан дар ҳодисаҳои ғоратгарӣ боздошт шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ хабар доданд, чанде қабл як сокини ноҳияи Ғончӣ ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки шомгоҳон шахси номаълуме аз дасти ӯ борхалтаашро, ки дар дохили он 4 ҳазор сомонӣ маблағ, телефони ҳамроҳ ва шиносномааш буд, кашида гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки шахси ба ин шаҳрванд дарафтода собиқ маҳкумшуда барои дуздӣ, сокини 26-солаи шаҳри Хуҷанд М.Д. мебошад, ки базудӣ дастгир шудааст. «Зимни тафтиш ҳамчунин ошкор гардид, ки боздоштшуда як рӯз қабл дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ даст ба ғоратгарӣ зада, гӯшвории тиллоии арзишаш 350 сомониро аз духтари 5-сола рабудааст», – гуфтанд дар Раёсати ВКД.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далелҳо нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 248-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда , тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 21 далели ғоратгарӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.