Нигаронии раиси Хатлон аз болоравии нарху пиёзу картошка

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дастур додаст, ки картошкаву пиёзи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба бозорҳои минтақаи Қӯрғонтеппа ворид карда шаванд. Тавре як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилоят хабар дод, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба муассисаи «Тоҷикматлубот»-и вилоят дастур додаст, ки бо деҳқонони ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг ва дигар навоҳии минтақаи Кӯлоб шартнома баста, картошкаву пиёзи онҳоро ба бозорҳои […]

Сайраҳмон Назриев



Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дастур додаст, ки картошкаву пиёзи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба бозорҳои минтақаи Қӯрғонтеппа ворид карда шаванд.

Тавре як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилоят хабар дод, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба муассисаи «Тоҷикматлубот»-и вилоят дастур додаст, ки бо деҳқонони ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг ва дигар навоҳии минтақаи Кӯлоб шартнома баста, картошкаву пиёзи онҳоро ба бозорҳои минтақаи Қӯрғонтеппа ворид кунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин аз намояндагони васоити ахбор хоҳиш кардааст, ки ташвиқу тарғиби ҳосили ин маҳсулотҳоро дар навоҳии номбаршуда бештар кунанд, то мардум ва соҳибкорон огоҳ шаванду пайи воридоти ин маҳсулот шаванд.

«Раиси вилоятро болоравии нархи пиёзу картошка дар бозорҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, ки нархи як кг пиёз то 4 сомонӣ дакка хӯрдааст, ба ташвиш гузоштааст», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.