ҲСДТ санаи баргузории анҷумани пешазинтихоботиашро муайян кард

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҳизбро рӯзҳои 17-18-уми декабр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифтааст. Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аввали моҳи август ӯ бевосита бо фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар минтақаҳои кишвар шинос шуда, масъалаи омодагӣ ба интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллиро […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҳизбро рӯзҳои 17-18-уми декабр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифтааст.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аввали моҳи август ӯ бевосита бо фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар минтақаҳои кишвар шинос шуда, масъалаи омодагӣ ба интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллиро дар моҳи феврали соли оянда баррасӣ карданӣ буд, аммо ҳабси муовинаш адвокат Шуҳрат Қудратов ин нақшаҳоро тағйир додааст.

Ба гуфтаи раиси ҳизб, рӯзҳои наздик ӯ бо муфаттиши парвандаи Қудратов мулоқот оростанист ва сипас ба минтақаҳои кишвар сафар мекунад. «Баъди боздид аз минтақаҳои кишвар ва омӯзиши имконоти бахшҳои ҲСДТ дар маҳалҳо, мо бевосита омодагирӣ ба анҷумани пешазинтихоботии ҳизбро оғоз мекунем», – таъкид дошт раиси ҲСДТ.

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 18-уми марти соли 1998 аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ сабти ном шуд. Айни замон дар сафҳои худ беш аз 8 ҳазор нафар шаҳрвандонро муттаҳид намуда, ҳизби мухолифи ҳукумати кунунӣ аст.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро президенти мамлакат на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мекунад. Интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ дар як вақт бо интихобот ба палатаи поёнии парлумон сурат мегирад. Интихобот ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пас аз 25 рӯзи баргузории интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.