Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Қазоқистон масоили омодасозии боздиди расмии сарвазири Қазоқистонро аз Тоҷикистон муҳокима карданд

Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мулоқоти президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо сафири тозатаъиншудаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҶТ Абдулатиф Аҳмедов масоили ҷорӣ ва дурнамои муносиботи кишварҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Пас аз мулоқот дар нишасти матбуотӣ дипломати қазоқ таъкид сохт, ки муносибатҳои байнидавлатии дуҷониба бар асоси дӯстиву бародарии мардуми ду кишвар ташкаккул ёфтаанд. […]

Баҳром Маннонов







Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мулоқоти президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо сафири тозатаъиншудаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҶТ Абдулатиф Аҳмедов масоили ҷорӣ ва дурнамои муносиботи кишварҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Пас аз мулоқот дар нишасти матбуотӣ дипломати қазоқ таъкид сохт, ки муносибатҳои байнидавлатии дуҷониба бар асоси дӯстиву бародарии мардуми ду кишвар ташкаккул ёфтаанд.







Сафири тозатаъин аз Э.Раҳмон барои иштирокаш дар ҷашнҳои таҷлили 10-умин солгарди шаҳри Остона ва сафари расмиаш ба Қазоқистон дар моҳи май изҳори миннатдорӣ намуда, арз дошт, ки тайи панҷ соли ахир ҳаҷми маблағҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳо 5 баробар афзуданд.







Ба қавли сафир, соли 2007 муомилоти молии дуҷониба аз 300 млн. доллари амрикоӣ зиёдтар шудааст. «Қазоқистон хостори иштирок дар рушди иқтисоди Тоҷикистон аст ва ин гувоҳи он аст, ки минбаъд низ ҳаҷми маблағҳо бештар хоҳанд шуд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки миёни кишварҳо ба миқдори 100 млн. доллари амрикоӣ Фонди сармоягузории муштарак таъсис дода шудааст, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба мусоидат хоҳад намуд.







Сафир ҳамчунин изҳор дошт, ки дар мулоқот масоили омодасозии боздиди расмии сарвазири Қазоқистон Карим Масимов аз Тоҷикистонро низ муҳокима гардид, ки ба назари ӯ, ҷиҳати рушду тавсиаи муносиботи минбаъда такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.







А.Аҳмедов ёдовар шуд, ки соли равон қабули 100 нафар донишҷӯёни тоҷик ба макотиби олии Қазоқистон пешбинӣ шудааст ва ин шумора низ ҳадди ниҳоӣ нест. Зимни посух ба суол бобати иштироки Қазоқистон дар сохтмони иншооти энергетикии Тоҷикистон, сафир арз дошт, ки «албатта, кишвараш хостори ширкат дар онҳост, вале ҷузъиёти ин ҳамкории афзалиятнокро бояд тоҷирони кишварҳо муҳокима намоянд».




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.