Хоҷагиҳои деҳқонии Вахш дар Кӯлоб савдои маҳсулоти кишоварзиро бо нархи арзон оғоз карданд

Кӯлоб. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз як қатор хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар микрорайони 9-уми шаҳри Кӯлоб савдои маҳслоти кишоварзиро бо нархҳои нисбатан арзонтар оғоз карданд. Муовини раиси ноҳияи Вахш Саидҷалол Ҳусейнов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар як муддати кӯтоҳ харбуза ба пуррагӣ ба фурӯш рафт. Ба гуфтаи ӯ, […]

Турко Дикаев



Кӯлоб. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз як қатор хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар микрорайони 9-уми шаҳри Кӯлоб савдои маҳслоти кишоварзиро бо нархҳои нисбатан арзонтар оғоз карданд.






Муовини раиси ноҳияи Вахш Саидҷалол Ҳусейнов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар як муддати кӯтоҳ харбуза ба пуррагӣ ба фурӯш рафт.





Ба гуфтаи ӯ, маҳсулоти дигар низ талабгорони зиёд дошт.





«Харбузаву тарбуз бо нархи 70 дарсад арзонтар нисбат ба бозор пешкаш шуда, арзиши гандум, ҷуворимакка, помидор, карам, бодинҷон ва қаланфури булғорӣ дар муқоиса бо нархҳои бозорҳои шаҳр 40-40 дарсад арзонтар мебошанд», – баён дошт вай.





С.Ҳусейнов изҳор дошт, ки кишоварзони ноҳия ба шаҳри Кӯлоб на барои фоида ба даст овардан, балки ҷиҳати кӯмак ба аҳолӣ омадаанд.





«Харбузаву тарбузро дар сари замин деҳқонон бо арзиши аз 3 то 5 сомонӣ мефурӯшанд, аммо дар Кӯлоб онро ба қиммати 2 сомонӣ фурӯхта истодаанд», – афзуд ӯ.






 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.