Қ.Расулзода аз кори кишоварзони Конибодом қаноатманд нест

Конибодом. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бо иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи фаъолони шаҳри Конибодом натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр дар шаш моҳи соли ҷорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Раиси вилоят фаъолияти раёсати кишоварзии ноҳияро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд. Ӯ ташкили гузаронидани кишти такрорӣ, норасоиҳои тайёр кардани боғоту ангурзорҳои нав, истифодаи нокифояи […]

Акмал Алиев



Конибодом. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бо иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи фаъолони шаҳри Конибодом натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр дар шаш моҳи соли ҷорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.






Раиси вилоят фаъолияти раёсати кишоварзии ноҳияро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд.





Ӯ ташкили гузаронидани кишти такрорӣ, норасоиҳои тайёр кардани боғоту ангурзорҳои нав, истифодаи нокифояи қитъаҳои замин ва роҳ додан ба қонуншиканиҳо дар ин соҳа, кам шудани саршумори чорво, коҳиш ёфтани истеҳсоли тухм, гӯшт, пашм ва зироати ғалладонаро аз камбудиҳои асосии кишоварзони ноҳия номид.





Қ.Расулзода супориш дод, ки тамоми кӯшишот ва ҷаҳду талош барои рушди истеҳсолот, омодагӣ ба давраи зимистон, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, истифодаи оқилонаи сармоягузориҳо ва пурзӯр кардани мубориза бо ҷинояткорӣ равона карда шаванд.





Бо дарназардошти сатҳи баланди обҳои зеризаминӣ ва вазъи бади мелиоративии заминҳо, раиси вилоят супориш дод, ки ҷиҳати харидории насосҳои обкашӣ аз буҷаи вилоят 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шавад.





Қоҳир Расулзода ҳамчунин аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаи хурди истеҳсоли хишт ва мактаби санъат боздид кард.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.