Сармояи оинномавии «Бонки рушди Тоҷикистон» дар зарфи як сол ба миқдори 108 дарсад боло рафт

Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Сармояи эълоншудаи Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи (ҶСШП) «Бонки рушди Тоҷикистон» ба 59,99 млн. сомонӣ баробар шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 108,65 дарсад зиёдтар мебошад. Аз бонки номбурда иттилоъ доданд, ки даромади бонк аз оғози сол аз 5,5 млн. сомонӣ зиёдтар шуда, активҳои бонк […]

Виктория Наумова



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Сармояи эълоншудаи Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи (ҶСШП) «Бонки рушди Тоҷикистон» ба 59,99 млн. сомонӣ баробар шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 108,65 дарсад зиёдтар мебошад.






Аз бонки номбурда иттилоъ доданд, ки даромади бонк аз оғози сол аз 5,5 млн. сомонӣ зиёдтар шуда, активҳои бонк ба санаи 1-уми июли ҳамин сол тақрибан 66,5 млн. сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 109,40 дарсад бештар мебошанд.





«Дар нимсолаи аввал қарзҳои додашуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори беш аз 87,5 дарсад афзоиш ёфта, 39,6 млн. сомониро ташкил доданд, – идома дод сарчашма. – Аз ҳаҷми умумии маблағҳои сандуқи қарзии бонк то 1-уми июли соли равон ба рушди соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 9,2 млн. сомонӣ қарз ихтисос дода шуд».





Тибқи маълумоти бонк, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ дар нимсолаи аввал ба беш аз 17,8 млн. доллари амрикоӣ баробар шудааст,

 

ки аз он 15,3 млн. ба муштариён дода шуда, беш аз 2,5 млн. доллари амрикоӣ маблағ ирсол гардидааст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Афзоиши ҳаҷми савдо миёни Тоҷикистону Русия

Соли гузашта ҳаҷми гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Русия 2,4 миллион долларро ташкил медодааст. Давоми се моҳи аввали соли 2026 бошад ҳаҷми тиҷорат байни...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...