Кормандони масъули ҶСШК «Пахтаи Кӯлоб» ба давлат ба миқдори 1,2 млн. сомонӣ хисорот ворид кардаанд

Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти ҶТ дар вилояти Хатлон зимни санҷиши фаъолияти Ҷамъмяти саҳомии шакли кушоди (ҶСШК) «Пахтаи Кӯлоб» исрофкории аз ҳад зиёд ва изофанависии кормандони масъули онро ошкор сохтанд. Роҳбари дафтари матбуоти агентӣ Шарифбек Шарифов иттилоъ дод, ки ҳангоми баргузории тафтишот […]

Аваз Юлдошев



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти ҶТ дар вилояти Хатлон зимни санҷиши фаъолияти Ҷамъмяти саҳомии шакли кушоди (ҶСШК) «Пахтаи Кӯлоб» исрофкории аз ҳад зиёд ва изофанависии кормандони масъули онро ошкор сохтанд.






Роҳбари дафтари матбуоти агентӣ Шарифбек Шарифов иттилоъ дод, ки ҳангоми баргузории тафтишот кормандони агентӣ дар тӯли солҳои 2005-2007 изофанависии қабули пахтаи вуҷуднадоштаро аз хоҷагиҳои пахтакор ошкор сохтаанд, ки ба ин амал мудири анбор Нурмуҳаммад Одинаев ва молшиносон Ҳабибулло Мирзоев ва Искандар Гиёев гумонбар дониста мешаванд. Аз ин амали онҳо ба давлат дар ҳаҷми 1 млн. 195 ҳазору 905 сомонӣ хисорот ворид гардидааст.





Ба иттилои манбаъ, зимни баррасии парвандаи ҷиноии оғозгардида, ба буҷаи давлат 55 ҳазор сомонӣ аз ин маблағ баргардонида шудааст.





«Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад», – афзуд Ш.Шарифов.

 




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.