Муомилоти UNIStream дар Тоҷикистон ба андозаи 127 дарсад афзуд

Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон тайи як сол муомилоти низоми байнулмилалии интиқоли маблаҳои пулии UNIStream ба 127 дарсад афзудааст. Тибқи маълумоти департаменти иттилооти низом, дар нимсолаи аввал ҳаҷми саҳмияҳои транзитӣ дар ҷумҳурӣ 285 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда соли гузашта ба 126 млн. доллари амрикоӣ баробар буд. Ба иттилои […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон тайи як сол муомилоти низоми байнулмилалии интиқоли маблаҳои пулии


UNIStream


ба 127 дарсад афзудааст.






Тибқи маълумоти департаменти иттилооти низом, дар нимсолаи аввал ҳаҷми саҳмияҳои транзитӣ дар ҷумҳурӣ 285 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда соли гузашта ба 126 млн. доллари амрикоӣ баробар буд.





Ба иттилои манбаъ, муомилот дар семоҳаи дуввум ба 179 млн. доллари амрикоӣ расидааст, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 82 млн. доллари амрикоиро ташкил медод.





Мудири кулли низом Сурен Айриян изҳор дошт, ки низом ба туфайли ҷорисозии муваффақона ва мустақими барномаи худ дар қаламрави кишварҳои собиқи шӯравӣ ба чунин комёбиҳо ноил гардидааст.





«Дар тӯли як соли фаъолият дар Тоҷикистон шабакаи мо аз 300 нуқтаи хизматрасонӣ ба 480 нуқта расид ва дар ҷумҳурӣ мо бо 10 ниҳодҳои молиявӣ ва ҳамаи бонкҳои бузурги кишвар ҳамкорӣ мекунем», – гуфт С.Айриян.







Маълумотнома:




Низоми байнулмилалии интиқоли маблағҳои пулии


UNIStream


ҳамасола ба 4 млн. нафар муштариён хизматрасонӣ мекунад ва соли 2007 муомилоти он ба 3,7 млрд. доллари амрикоӣ расид. Низом дар 90 кишвари ҷаҳон беш аз 70 ҳазор нуқтаҳои хизматрасонӣ ифтитоҳ намудааст.

  




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.