Дар шаҳри Истаравшан маркази намунавии тибби оилавӣ ифтитоҳ гардид

Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Истаравшан маросими ифтитоҳи расмии Маркази дуюми намунавии тибби оилавии вилояти Суғд баргузор шуд. Мушовир оид ба иттилооти сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Нигина Алиева хабар дод, ки Маркази намунавӣ дар натиҷаи шарикӣ ва ҳамкории Вазорати тандурустии ҶТ, Лоиҳаи USAID «ЗдравПлюс», Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Истаравшан маросими ифтитоҳи расмии Маркази дуюми намунавии тибби оилавии вилояти Суғд баргузор шуд.






Мушовир оид ба иттилооти сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Нигина Алиева хабар дод, ки Маркази намунавӣ дар натиҷаи шарикӣ ва ҳамкории Вазорати тандурустии ҶТ, Лоиҳаи USAID «ЗдравПлюс», Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва ҳукумати шаҳри Истаравшан таъсис дода шудааст.

 


 






Ӯ ёдовар шуд, ки пурзўр намудани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва татбиқи тибби оилавӣ самтҳои афзалиятнок буда, дар ҳуҷҷатҳои «Консепсияи ислоҳоти тандурустӣ» ва «Стратегияи миллии паст кардани сатҳи камбизоатӣ» дарҷ ёфтаанд.

  






«Ин маркази намунавии тибби оилавӣ дар вусъат додани бартариҳои зиёди кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарии шаҳри Истаравшан қадами муҳим мебошад, – идома дод Н.Алиева. – Маркази мазкур дар заминаи Маркази саломатии шаҳрӣ таъсис дода шуда, ба аҳолӣ хизматрасониҳои васеи тиббиро пешниҳод менамояд».





Бино ба иттилои манбаъ, Маркази намунавии тибби оилавӣ инчунин ба сифати пойгоҳи таълимӣ барои омӯзиши муттасили кормандони тиб ва барои тайёр намудани мутахассисон дар самти тибби оилавӣ истифода бурда мешавад. «Шумораи кофии табибони оилавии соҳибтаҷриба барои бомуваффақият татбиқ намудани институти тибби оилавӣ дар Тоҷикистон давраи дигаргуншавии қатъӣ мебошад», – гуфт ӯ.






 

Вазорати тандурустӣ қайд намудааст, ки эҳтиёҷоти муассисаҳои КАТС ба табибони оилавӣ 4000 нафарро ташкил менамояд. Маркази намунавии мазкур барои расидан ба ин мақсадҳо нақши му;имро мебозад.







Маълумотнома:




Лоиҳаи «ЗдравПлюс» яке аз чандин лоиҳаҳост, ки аз тарафи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Аз соли 1993 то инҷониб мардуми Амрико ба воситаи USAID ба миқдори 300 млн. доллар кӯмак намуд. Маблағҳои мазкур барои дастгирии рушди иқтисод, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва институтҳои демократӣ дар Тоҷикистон равона гардидаанд.

 




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.