Дар Душанбе тарҳи Кодекси ахлоқи касбии рӯзноманигорон баррасӣ мешавад

Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Санаи 18-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мизи мудавар оид ба баррасии тарҳи Кодекси ахлоқи касбии рӯзноманигорон баргузор мешавад. Аз иттиҳодияи ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» хабар доданд, ки дар мизи мудаввар инчунин лоиҳаи «Савганди рӯзномнигор» низ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт. Дар лоиҳаи «Савганди рӯзноманигор» аз ҷумла гуфта […]

Виктория Наумова



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Санаи 18-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мизи мудавар оид ба баррасии тарҳи Кодекси ахлоқи касбии рӯзноманигорон баргузор мешавад.






Аз иттиҳодияи ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» хабар доданд, ки дар мизи мудаввар инчунин лоиҳаи «Савганди рӯзномнигор» низ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.





Дар лоиҳаи «Савганди рӯзноманигор» аз ҷумла гуфта мешавад, ки бо касби вазифаи рӯзноманигорӣ ва оғози фаъолият шаҳрванд бояд ҳамеша ва комилан масъулиятро назди ҷомеа ҳис намояд, ба муттаҳамкунии беасос, тақаллубкории санадҳо, таҳрифи далоил ва плагиат роҳ надода, танҳо он иттилоотеро пахш созад, ки ба эътимоднокии он мутмаин аст.





Чорабинии мазкурро иттиҳодияи ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» ва департаменти иттилооти вазорати корҳои хориҷии ҶТ созмон медиҳанд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.