Дар Тоҷикистон оғози мубориза бо вазирони ришвахор ҳанӯз барвақт аст, – мӯътақид аст коршиноси маркази тадқиқоти стратегӣ

Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Имрӯз оғози мубориза бо коррупсия дар сатҳи роҳбарони вазорату муасссисаҳо боиси ташаннуҷи вазъ дар Тоҷикистон хоҳад шуд», – мӯътақид аст сардори раёсати таҳияи стратегияи миллӣ ва барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Абдувоҳид Шамолов. Ӯ ҳамчунин бо масоили марбут ба мубориза бо коррупсия низ машғул аст. […]

Далер Ғуфронов



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Имрӯз оғози мубориза бо коррупсия дар сатҳи роҳбарони вазорату муасссисаҳо боиси ташаннуҷи вазъ дар Тоҷикистон хоҳад шуд», – мӯътақид аст сардори раёсати таҳияи стратегияи миллӣ ва барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Абдувоҳид Шамолов. Ӯ ҳамчунин бо масоили марбут ба мубориза бо коррупсия низ машғул аст. Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» ӯ ба суоли он, ки чаро дар Тоҷикистон мубориза бо коррупсия дар сатҳи вазирону роҳбарони муассисаҳо сурат намегираду танҳо ба омӯзгорону табибон ва мансабдорони сатҳи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дахл дорад, чунин посух дод.






А.Шамолов мутмаин аст, ки коррупсия дар байни вазирон низ мавҷуд аст. Ба гуфтаи ӯ, «ҳарчанд давлат рӯз то рӯз пурқувват мегардад, вале маълум нест, ки оғози чунин мубориза чӣ паёмадҳое хоҳад дошт». Дар ҳамин ҳол, ӯ пешниҳод месозад, ки мубориза бо коррупсия дар сатҳи мақомоти роҳбарӣ дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди ҷомеа ба роҳ монда шавад.





Тибқи иттилои А.Шамолов, чанде қабл зимни вохӯрӣ бо директори агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти ҶТ, ӯ пешниҳод кардааст, ки агентии мазкур бо ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба муборизаи муштарак бо коррупсия қарордод ба имзо расонад, то «ҳама дар ин кор масъулият ҳис намоянд».





«Дар тӯли якуним соли фаъолияти агентӣ мо пешравиҳои назаррасеро мушоҳида кардем, бахусус дар масъалаи фурӯши ғайриқонунии заминҳо, – таъкид сохт А.Шамолов. – Вале норасоии механизми ягонаи мубориза бо ришвахорӣ ҳис карда мешавад».






 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.