Мансабдорон қабули кӯдакон аз оилаҳои тоҷик ба синфҳои русиро тавсия намедиҳанд

Дар пойтахти Тоҷикистон сол то сол мушкилоти падарону модарон, бахусус оилаҳои тоҷик ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани фарзандонашон ба синфҳои таҳсилоташон бо забони русӣ меафзояд. Яке аз сокинони шаҳри Душанбе Т.И. ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳарчанд миллати худаш рус бошад ҳам, вале дар ҳуҷҷати наберааш падару модараш тоҷик зикр гардида, аз […]



Дар пойтахти Тоҷикистон сол то сол мушкилоти падарону модарон, бахусус оилаҳои тоҷик ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани фарзандонашон ба синфҳои таҳсилоташон бо забони русӣ меафзояд.

Яке аз сокинони шаҳри Душанбе Т.И. ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳарчанд миллати худаш рус бошад ҳам, вале дар ҳуҷҷати наберааш падару модараш тоҷик зикр гардида, аз ин рӯ, чун шаҳодатномаи набераашро дидаанд, ки миллаташ рус нест, дар чор мактаби пойтахт қабули наберааш ба синфи якуми таҳсилоташ бо забони русиро рад кардаанд ва ҳамчунин изҳор намудаанд, ки дар бораи ба синфҳои русӣ қабул накардани кӯдакон аз оилаҳои тоҷик супориш шудааст.

«Дар мактабҳои №№88, 87, 54 ва 82 ба ман изҳор намуданд, ки дар 1-2 синфи таҳсилоташ бо забони русӣ шумори хонандагон аз миқдори пешбинишуда хеле зиёд аст. Дар мактаби 82-и пойтахт гуфтанд, умуман тайи 2 соли ахир кӯдаконро ба синфҳои ибтидоӣ бо забони русӣ қабул намекунанд, зеро омӯзгорон намерасанд», – иброз дошт ӯ.

Ин зан ҳамчунин илова намуд, ки дар ниҳояти кор бо дахолати Раёсати маорифи ноҳия набераашро ба синфи аввали таҳсилаш бо забони русӣ қабул кунонидааст.

Дар ҳамин ҳол, сардори шуъбаи банақшагирӣ-иқтисодии Раёсати маорифи шаҳр Зариф Бозоров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки оид ба қабул накардани кӯдакон аз оилаҳои тоҷик ба синфҳои таҳсилоташон бо забони русӣ ҳеҷ супорише мавҷуд набуда, танҳо ба раҳбарияти мактабҳо тавсия дода шудааст, ки ба оилаҳои тоҷик машварат диҳанд, ки кӯдакони худро ба синфҳои русӣ қабул накунанд, чунки минбаъд кӯдак бинобар монеъаи забонӣ ба мушкил дучор нагардад.

«Сол то сол дар пойтахт шумори синфҳои таҳсилоташон бо забони русӣ зиёд мешавад, аммо мушкил сари он аст, ки аксари ин синфҳо ибтидоӣ мебошанд ва волидайн баъди синфи 4 маҷбур мешаванд, ки фарзандонашонро ба синфҳои тоҷикӣ гузаронанд, зеро на дар ҳамаи мактабҳо аз синфи 1 то 11 синфҳои русӣ ҳастанд ва ҷой барои идомаи таҳсил дар синфҳои болоӣ бо забони русӣ хоҳ нохоҳ барои ҳама кофӣ нест», – шарҳ дод Бозоров.

Ба савол бобати сабаби афзудани шумори танҳо синфҳои ибтидоӣ бо забони русӣ, ӯ посух дод, ки  имрӯз норасоии омӯзгорон дар синфҳои болоӣ бо забони русӣ ба яке аз мушкилоти умда табдил ёфтааст.

«Асосан аз омӯзгорони забони русӣ оид ба фанҳои дақиқ норасоӣ дорем. Имрӯз як омӯзгор дар синфҳои русӣ якчанд омӯзгорро иваз мекунад. Дигар илоҷе нест. Масалан, муаллими математика дар синфҳои русӣ ҳамзамон аз фанҳои кимиё, биология ва физика низ дарс мегӯяд. Аз ин рӯ, на ҳамаи мактабҳо хоҳиши кушодани синфҳои аз 1 то 11 бо забони русиро доранд», – қайд кард Бозоров.

Ба гуфтаи ӯ, феълан дар қаламрави Душанбе 51 мактаби дорои синфҳои таҳсил бо забони русӣ амал мекунанд: дар ноҳияи Сино – 193 синф (5 ҳазору 896 хонанда), Фирдавсӣ – 174 синф (5 ҳазору 645 хонанда), Сомонӣ – 85 синф (2 ҳазору 851 хонанда) ва Шоҳмансур – 120 синф (4 ҳазору 353 хонанда).

Ғайр аз ин, ба қавли Бозоров, дар зиёда аз 15 гимназияву литсейҳои давлативу хусусӣ низ синфҳои таҳсилоташон бо забони русӣ (синфҳои 1-4 ва 1-11) амал мекунанд. «Дар Душанбе дар маҷмӯъ 656 синфҳои таҳсилоташон бо забони русӣ мавҷуданд, ки дар онҳо 25 ҳазору 263 нафар хонандагон таҳсил мекунанд ва аз шумори умумии хонандагони тамоми мактабҳои пойтахт ин миқдор 14,3%-ро ташкил медиҳад», – афзуд номбурда. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.