Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид чанде қабл ҳайати тоҷирони эрониро таҳти сарварии президенти Палатаи савдо, саноат ва минералҳо (ICCIM)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусайн Шофеъӣ ба ҳузур пазируфт.
Ҳайати Эронро ҳудуди 40 нафар намояндагони ширкату корхонаҳои бахшҳои саноати истихроҷи кӯҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, кабелҳо, маҳсулоти саноати нафту кимиё, қубурҳои полиэтиленӣ, савдо, кишоварзӣ, асбобу лавозимоти рӯзгор ва ғайра намояндагӣ мекарданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи робитаҳои мутақобила миёни палатаҳо ва густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни Тоҷикистону Эронро баррасӣ намуда, Шариф Саид таваҷҷуҳи меҳмононро ба ояндадору судманд будани сармоягузориҳои соҳибкорони эронӣ ба соҳаҳое чун истифодаи муштараки конҳои газ, гидроэнергетика, саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, қолинбофӣ, нақлиёт ва алоқа, сохтмони роҳҳо ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ ҷалб намуд.
Ғуломҳусайн Шофеъӣ ба масъалаи муҳим будани тавсеъаи минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз ҷумла зикр кард, ки дар рушди робитаҳои корӣ масъалаи муколамаву робитаи мустақими доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар ҷойгоҳи махсус доранд. «Доираҳои тиҷоратӣ бояд дар бораи вазъи бозорҳо, бахшҳои саноат ва самтҳои тиҷорати мавриди таваҷҷуҳашон маълумоти саҳеҳу боэътимод дастрас карда тавонанд», – иброз дошт ӯ.



