С.Аслов сафири Озарбойҷонро ба ҳузур пазируфт



Санаи 26 августи соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Гасановро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба сафари дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти мазкур ҳамзамон дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное