Раиси Суғд ба аёдати оилаи сокини ҳалокшудаи ҷамоати Овчӣ-Қалъача рафт

Рӯзи 26 август раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, ба оилаи Нуъмонҷон Набиев, ки бар асари муноқишаи марзӣ ҳалок гардид, изҳори ҳамдардӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон ба беморхонаи марказии ноҳия ташриф оварда, бо вазъи нафароне, ки дар ин муноқишаи сарҳадӣ аз тири […]

ASIA-Plus



Рӯзи 26 август раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, ба оилаи Нуъмонҷон Набиев, ки бар асари муноқишаи марзӣ ҳалок гардид, изҳори ҳамдардӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон ба беморхонаи марказии ноҳия ташриф оварда, бо вазъи нафароне, ки дар ин муноқишаи сарҳадӣ аз тири марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ҷароҳат дидаанд, шинос гардид. Раиси вилоят ба масъулини ниҳодҳои дахлдор супориш дод, ки ин шаҳрвандон бо дорувории зарурӣ таъмин карда шуда, вазъи саломатии онҳо зери назорати ҷиддӣ гирифта шавад.

Хотиррасон бояд кард, ки тахминан соатҳои 18.20 дақиқаи шоми 25 август аз ҳудуди ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сарҳадбонони мусаллаҳҳи қирғиз ба суи сарҳадбонон ва аҳолии осоиштаи ҷамоати деҳоти Овчиқалъача аз силоҳ тир кушоданд. Бар асари он 2 шаҳрванди Тоҷикистон Азамат Азимов, сардори гурӯҳи сарҳадбонӣ ва сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯъмонҷон Набиеви 25-сола  ба ҳалокат расида, 5 тани дигар захмӣ шудаанд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 26 август дар робита ба задухӯрди шоми 25 август дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистонба ҷониби Қирғизистон ёддошт фиристод.

Гуфта мешавад, дар ҷамоати Овчиқалъача алҳол як ситод таъсис дода шудааст ва вазъи минтақа зери назорат қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки беш аз 460 километраш то ҳол таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.