Тавофуқоти Тоҷикистону Қирғизистон оид ба сохтмони роҳҳо

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар Бишкек таҳти раҳбарии муовинони нахуствзирони Қирғизистону Тоҷикистон Абдураҳмон Маматалиев ва Муродалӣ Алимардон ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳарду кишвар оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ доир гардид. Бино ба иттилои портали расмии ҳукумати Қирғизистон, аз рӯи натоиҷи ҷаласа протоколи дахлдор ба имзо расидааст, ки мувофиқи он ҷонибҳо дар бораи […]

ASIA-Plus



Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар Бишкек таҳти раҳбарии муовинони нахуствзирони Қирғизистону Тоҷикистон Абдураҳмон Маматалиев ва Муродалӣ Алимардон ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳарду кишвар оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ доир гардид.

Бино ба иттилои портали расмии ҳукумати Қирғизистон, аз рӯи натоиҷи ҷаласа протоколи дахлдор ба имзо расидааст, ки мувофиқи он ҷонибҳо дар бораи дар як вақт оғоз намудани сохтмони роҳи мошингарди Кӯк-Тош – Оқсой – Тамдик – Кишемиш (бидуни убури деҳаи Тоҷикони Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва варианти чоруми дубора таҳияшудаи буриши роҳи мошингарди Исфара – Ворух (бидуни убури деҳаи Оқсойи Ҷумҳурии Қирғизистон) тавофуқ ҳосил намудаанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба сохтмони ду пул ва қитъаҳои ҳамшафати роҳи мошингарди он то 5-уми сентябри соли 2014 бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз 31-уми марти соли 2014 тибқи харитаи тасдиқшудаи хатсайр низ ба созиш расидаанд.

Дар ҳамин ҳол, перомуни фароҳам овардани шароити мусоид барои сохтмони роҳҳои мошингард бо шумули ба макони дигар кӯчонидани дидбонгоҳҳои марзӣ ва дастаҳои марзбонон дар минтақаи сохтмон роҳҳо низ тасмим гирифта шудааст.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи муноқишаи чанде қабл рухдода дар қитъаи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҷонибҳо маълумоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ва Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, доир ба таъсиси комиссияи муштарак (гурӯҳи фаврии тафтишотӣ) оид ба тафтиши тамоми муноқишаҳои рухдода дар марз аз моҳи январи соли 2014 ба тавофуқ расидаанд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бар асоси протоколҳои қаблан баимзорасида ҷонибҳо оид ба фаъолсозии ҷараёни корҳои таъйин ва аломатгузории марз ва харитаву тарҳҳои хатти марзи ҳарду кишвар, ки мавриди омӯзиш қарор доранд, табодули назар намудаанд.

Ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳарду кишвар дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.