Намояндаи Тоҷикистон комиссари бозии ниманиҳоии Ҷоми КФО таъин шуд

Сардори шуъбаи байнулмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Давлатманд Исломов комиссари бозии аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2014 миёни дастаҳои «Ал-Қудсия» (Кувайт) ва «Персипура Ҷаяпура» (Ҳиндустон) таъин карда шуд. Ин вохӯрӣ санаи 16-уми сентябр дар Эл-Кувайт баргузор мешавад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дар таърихи футболи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори нахуст аст, ки намояндаи […]

ASIA-Plus



Сардори шуъбаи байнулмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Давлатманд Исломов комиссари бозии аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2014 миёни дастаҳои «Ал-Қудсия» (Кувайт) ва «Персипура Ҷаяпура» (Ҳиндустон) таъин карда шуд. Ин вохӯрӣ санаи 16-уми сентябр дар Эл-Кувайт баргузор мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дар таърихи футболи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори нахуст аст, ки намояндаи кишвар ба ташкили вохӯрии футбол дар чунин сатҳи баланд ҷалб шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли равон Давлатманд Исломови 33-сола ҳамчунин дар вохӯриҳои футболи даври интихобии Ҷоми Осиё-2015, Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО ва ҳамчунин даври ниҳоии Ҷоми даъвати КФО-2014, ки моҳи май дар Малдив доир гардида буд, ба ҳайси комиссари бозӣ фаъолият намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.