Ситоди АНМН-ро кадри нав ба роҳбарӣ гирифт



Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентӣ тағйироти кадрӣ гузаронида шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Абдулҳамид Норзода ба вазифаи сардори Ситод, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Сайфуллозода ба вазифаи сардори Раёсати Сайёри Оперативӣ ва полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Мирали Хайруллозода ба вазифаи сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони раёсату шуъбаҳои Агентӣ сардорони навро муаррифӣ намуда, онҳоро ба хизмати софдилона ва поквиҷдонона баҳри Ватан ҳидоят намуд.

spot_imgspot_img

Популярное