Иштироки нахуствазир дар маросими ба истифода додани мактаби нав дар Фархор



Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар деҳаи Арчаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон иштирок кард.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни суханронӣ дар ин маросим нахуствазир омӯзгорону толибилмон ва волидайни онҳоро бо оғози соли нави хониш табрик гуфта, таъкид дошт, ки ба истифода додани мактаби нав туҳфаи шоистаи ҳукумати кишвар ба онҳо аст.

«Мактаби иборат аз чор бинои сеошёна, иншооти варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва гайра дар як баст 1 ҳазору 176 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Ин муассисаи таълимӣ бо харҷи зиёда 12 млн.сомонӣ бунёд гардид», – зикр кард манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное